ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ! Дар Хатлон беш аз 1000 нафар наваскаронро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
ДУШАНБЕ, 04.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон беш аз 1000 нафар даъватшавандагонро ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Артиши миллӣ гуселониданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
2 апрел аз субҳи барвақт дар саҳни ҳавлии комиссариати ҳарбии вилоят дар шаҳри Бохтар ҷавонони зиёде ҷамъ омада, миёни ҳам суҳбат ороста, бо ифтихор аз ватану ватандорӣ дар бораи хизмати аскарӣ ва шароити буду боши наваскарон дар қисмҳои низомӣ табодули назар мекарданд. Ин ҷавонони худогоҳу ватандӯст ҳама бо хоҳиши худ шомили қисмҳои низомӣ гардида, мақсад доранд, ки бо сари баланд хизмати Ватан-Модар ба ҷо биёранд. Даъватшавандагон, ки шумораи онҳо зиёда аз 1000 нафарро ташкил медод, бо либоси махсус саф оростанд. Маълум гардид, ки дар натиҷаи корҳои оммафаҳмонӣ якчанд ноҳияҳо, аз ҷумла ба номи Шамсиддини Шоҳин, Носири Хусрав ва ноҳияи Фархор аллакай дар рӯзи аввали даъват нақшаро бо сари баланд иҷро карда, фарзандони бонангу номуси худро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат равона намудаанд.
Ноҳияҳои Данғара, Вахшу Балҷувон тавонистанд, ки қисмати зиёди нақшаро иҷро намуда, ҷавонмардони шуҷою далери Ватанро ба хизмати аскарӣ сафарбар намоянд.
Сипас даъватшавандагон ҳама бо либосҳои идонаи махсус аз назди комиссариати ҳарбии вилоят ба сӯи майдони варзишии Донишгоҳи давлатии Бохтар равона гардиданд. Онҳо бо ифтихори бузург аз Ватани ободу озод, фазои сулҳободи Тоҷикистони азиз сурудхонон роҳпаймоӣ намуданд.
Далерони Ватанро дар кӯчаҳои шаҳри Бохтар сокинон бо кафкубиҳо ва шодбошиҳо истиқбол карда, ба онҳо роҳи сафеду иқболи баланд таманно мекарданд.
Қисмати тантанавии чорабинӣ дар майдони варзишии Донишгоҳи давлатии Бохтар бо иштироки даъватшавандагон аз шаҳру навоҳии вилоят, падару модарон, донишҷӯёну омӯзгорон, роҳбарияти ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат ва фаъолони шаҳри Бохтар баргузор гардид.
Комиссари ҳарбии вилоят Умед Солеҳзода Фармони Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқараргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шахрвандони солҳои таввалуди 1995-2004 –и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» қироат карда, иброз дошт, ки имрӯз ҷавонони далеру шуҷои Ватан ихтиёран саф оростаанд, то дар қисмҳои низомӣ хизмат ба ҷо оранд.
Дар ҷамъомад раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иброз дошт, ки «дар ҳама давру замон марзи меҳанро ҷавонони баҳодуру таҳамтан ҳимоя мекарданд. Ин рисолати бузургро имрӯз ҷавонони қавииродаи тоҷик дар сарҳади Ватани азизамон бар дӯш доранд, ки мояи шарафмандию сарфарозии мардуми Тоҷикистон аст. Дар хақиқат танҳо афроди воқеан ватандӯст метавонанд дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ амният ва ободии Ватани худро ҳифз созанд».
Раиси вилоят ба масъулини шаҳру ноҳияҳое, ки аллакай нақшаи даъвати баҳориро ба анҷом расонидаанд, изҳори сипос карда, гуфт, ки баҳри иҷрои нақшаи даъват масъулин бояд ҳамкориро бо мардум ва аҳли ҷомеа ҷоннок намуда, мушкилот, муроҷиати онҳо ва дигар масъалаҳоеро, ки ба даъвати ҷавонписарон марбутанд, дар чорчӯбаи қонунҳои амалкунанда сари вақт ҳал намоянд ва даъвати бахориро дар сатҳи баланди сиёсӣ ташкил кунанд.
«Ҳифзи истиқлолу озодии давлат ва расидан ба арзишҳои баланди ватандорӣ натиҷаи хизмати содиқонаву ватандӯстонаи Пешвои миллат, ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва дигар сохторҳои низомӣ мебошанд. Ҳамасола аз тарафи мақомоти иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 1000 нафар ҷавонон дар курсҳои ронандагӣ, кафшергарӣ, ошпазӣ ва пойафзолдӯзӣ ба омӯзиши касбу ҳунар фаро гирифта мешаванд. Имсол бо маблағгузории курсҳои ронандагӣ дар сохторҳои ТҶММ дар қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 3 миллиону 390 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст»,-афзуд раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода.
Дар охири ҷамъомад ба ҳамаи даъватшудагон аз ҷониби мақомоти иҷроияи вилоят туҳфаҳои хотиравӣ тақдим ва ба онҳо роҳи сафеду хизмати софдилона таманно карда шуд.
АКСҲО: МИҲД вилояти Хатлон











Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд






