Ҳиндустон ба Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи иҷтимоӣ кумаки грантӣ мерасонад

Апрель 21, 2022 16:34

ДУШАНБЕ, 21.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Арзиши ҳар як лоиҳаи дар доираи «Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба кумаки грантии Ҳиндустон барои татбиқи лоиҳаҳое, ки ба ҷомеаҳо таъсири назаррас доранд» таҳия ва маблағгузоришаванда 16,94 миллион сомонӣ ё зиёда аз як миллион доллари амрикоиро дар бар мегирад. Ҳадаф аз татбиқи ёддошти мазкур маблағгузории инфрасохтори зарурӣ дар соҳаҳои маориф, танду­рустӣ, кишоварзию агросаноатӣ, обёрии хурд, энергияи барқароршаванда, савдо, нақлиёт, коммуникатсия ва дигар соҳаҳои Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Ёдовар мешавем, ки Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба кумаки грантии Ҳиндустон барои татбиқи лои­ҳаҳое, ки ба ҷомеаҳо таъсири назаррас доранд» дар Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум, ки 13 апрели соли равон доир гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вазири молияи мамлакат Файзиддин Қаҳҳорзода зикр кард, ки ёддошти мазкур дар доираи ҳамкории судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаҳои зудтаъсирбахш ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ таҳия гардида, 16 декабри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шудааст.

Бо дарназардошти муҳимияти татбиқи лоиҳаҳои хусусияти иҷтимоидошта ва тадриҷан амалӣ намудани тадбирҳои дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» муайяншуда тасдиқ намудани ёддош­ти тафоҳум муҳим арзёбӣ мегардад, — гуфт Файзиддин Қаҳҳорзода зимни баррасии ёддошти мазкур ба вакилон.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Мунаввар Абдусаломзода зикр кард, ки ин Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, он бо тартиби муқарраргардидаи Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ шуд.

-Ҳуҷҷати мазкур расмиёти дохилиро гузашта, ба моддаи 57-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мувофиқ ва ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад, — тазаккур дод Мунаввар Абдусаломзода.

Ёдовар мешавем, ки имсол аз барқароршавии робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон 30 сол пур мешавад.

Тавре Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингҳ зикр кард, «cоли 2021 бо Ҷумҳурии Тоҷикистон се ҳуҷҷати нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум дар бораи ҷудокунии грант барои амалисозии лоиҳаи рушди ҷамоатҳо имзо намудем, ки ҳар як лоиҳа 1,5 миллион долларро дар бар мегирад».

«Зимни иштироки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муколамаи «Ҳиндус­тон — Осиёи Марказӣ» ду санади нав, яке «Ҳамкориҳо байни Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндус­тон ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикис­тон», дигаре санади ҳамкорӣ миёни Академияҳои дипломатии ҳар ду кишвар ба имзо расид», — афзуд Вираҷ Сингҳ.

Хотиррасон менамоем, ки ҳамкории ҳар ду кишвар дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ хуб ба роҳ монда шуда, ҳоло дар Тоҷикистон 1400 донишҷӯи ҳиндус­тонӣ таҳсил мекунанд. Дар доираи «Барномаи пешниҳоди стипендияҳо (ICCR)» то ба ҳол 360 донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Ҳиндус­тон таҳсил карданд. Инчунин, дар доираи «Барномаи ҳамкории техникию иқтисодии Ҳиндустон (ITEC)» 1500 нафар тоҷикистонӣ дар курсҳои кӯтоҳмуддат донишу малакаро дар Ҳиндустон такмил додаанд.

Акс: манбаи боз

Апрель 21, 2022 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакили Маҷлиси намояндагон дар Форуми Осиёгӣ оид ба аҳолӣ ва рушд дар Босния ва Герсеговина иштирок намуд
Дар Маҷлиси намояндагон фраксияҳои ҳизбӣ таъсис дода шуд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати Шоҳигарии Белгия мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Сочӣ аз маҷмааи таълимии «Сириус» дидан намуданд
Раиси Маҷлиси намояндагон бо роҳбарони ҳайатҳои Форуми «Муколамаи занони Осиёи Марказӣ» мулоқот намуд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин мулоқот намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди оромгоҳи Сарбози номаълум дар боғи Александри шаҳри Москва гулчанбар гузоштанд
Рустами Эмомалӣ барои анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Москва гардиданд
Дар Маҷлиси намояндагон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар намуданд