Истиқболи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Панҷакент
ДУШАНБЕ, 14.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба маркази шаҳри Панҷакент ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи шаҳри Панҷакент Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, фаъолон ва сокинони касбу кори гуногун бо меҳру муҳаббат ва самимияти хосса пешвоз гирифтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент якчанд иншооти ҳаётан муҳим, аз ҷумла марказҳои нави хизматрасонӣ, иншооти навбунёди соҳаи маорифу тандурустӣ ва варзиширо ифтитоҳ намуда, ба корҳои бузурги созандагӣ оғоз мебахшанд.
Дар доираи сиёсати бунёдкорона ва ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои созандагию бунёдкорӣ босуръат ҷараён доранд.









Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд






