Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ аз рӯи номинаи «Китобхонаи беҳтарини оммавӣ» сазовори ҷои аввал гардид

Апрель 20, 2022 14:10

ДУШАНБЕ, 20.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии  «Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ» дар озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» аз рӯи номинаи «Китобхонаи беҳтарини оммавӣ» сазовори ҷои аввал гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар китобхонаи мазкур.

Мукофоти мазкурро муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ба директори «Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ» Абдуқодири  Абдуққаҳор  зимни  ҷамъбасти  озмунҳои касбии соҳаи тандурустӣ ва маорифи шаҳри Душанбе — «Беморхонаи сол», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол», «Табиби сол», «Табиби оилавии сол», «Корманди миёнаи тибби сол», «Мураббии сол», «Омӯзгори сол», «Хонандаи сол», «Гирандагони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе» ва дигар озмунҳои шаҳрӣ, ки 16 апрел дар таҷлили Рӯзи пойтахт сурат гирифт, супорид.

Ёдовар мешавем, ки Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ  яке аз аввалин муассисаҳои маърифатӣ ва куҳантарин китобхона дар шаҳри Душанбе буда, соли 1925 таъсис ёфтаааст. То солҳои соҳибистиқлолӣ чанди маротиба табдили ном ва  ҷой намудааст. Айни замон  китобхона  дар хиёбони Неъмат Қаробоев, 50-и пойтахт   ҷойгир шуда,  дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе 12 филиали он  амал мекунанд. Китобхонаи мазкур дар тавозуни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор дорад.

Бинои сеошёна бо утоқҳои барҳавои корӣ ва толори васеи хониш ба китобдорон имкон медиҳад, ки ба хонандагон дар сатҳи баланд  хидмат расонида,  намоиши китоб, шабҳои адабӣ, конференсияву суҳбатҳои хонандагон, вохӯриҳо бо одамони шуҳратманд, адибону фарҳангиён ва дигар чорабиниҳоро бо иштироки васеи хонандагон  доир намоянд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

 

Апрель 20, 2022 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд