Коршиносон: Асали Тоҷикистон аз лиҳози экологӣ тоза ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир мебошад

Апрель 13, 2022 10:47

ДУШАНБЕ, 13.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Асали тавлидшуда дар Тоҷикистон, ба гуфтаи коршиносони соҳа, аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, имкони рақобатпазир шудан дар бозори ҷаҳониро дорад. Аммо тавлидкунандагони асали тоҷик дар фурӯш ва содироти маҳсулоташон ба мушкилӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон,    соли 2021 дар Тоҷикистон 4246,5 тонна асал истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2020 124,5 тонна зиёд мебошад.

Тибқи омор, Тоҷикистон аз ҷиҳати тавлиди асал дар байни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷойи 4-ум қарор дорад. Асали истеҳсолшуда ба ҳар сари аҳолӣ камтар аз 0,5 килограммро ташкил медиҳад.

Тавре нозири гумрукӣ Абдусаттор Каримов гуфт, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон содироти асал соли 2021 ба 140 ҳазор доллари амрикоӣ расид, ки нисбат ба соли 2020 128 ҳазор доллар зиёд аст.

Ин арқом аз он шаҳодат медиҳанд, ки соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар Тоҷикистон роҳи рушдро пеш гирифтааст. Барои содироти асал ба Аврупо ва ҷаҳон бояд якчанд талабот риоя карда шаванд. Илова ба шартҳои стандартии содироти маҳсулоти аз ҳайвонот истеҳсолшуда, Иттиҳоди Аврупо барои сифати асал талаботи алоҳида пешниҳод мекунад.

Дар таркиби асал набояд ягон иловаҳои ғизоӣ, моддаҳои органикӣ ё синтетикӣ мавҷуд бошанд. Маҳсулот наметавонад кислотаи ба таври сунъӣ тағйирёфта, мазза ё бӯи бегона дошта бошад. Нишондиҳандаҳои хосиятҳои физикию химиявии асал барои содирот дар лабораторияҳое муайян карда мешаванд, ки дар онҳо таносуби об, сахароза, миқдори диастаза, боқимондаҳои дорувориҳои байторӣ ва ғайра санҷида мешаванд.

Барои роҳ ёфтани асали ватанӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ «Барномаи миллии мониторинги боқимондаҳои дорувориҳои байторӣ дар таркиби асал»-ро таҳия ва дар сатҳи Иттиҳоди Аврупо бояд тасдиқ кард. Тоҷикистон чунин барномаеро таҳия кардааст ва ҳоло он дар ихтиёри Комиссияи Аврупо қарор дорад.

Ҳамоҳангсози миллии «Лоиҳаи таъмини дастрасии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозорҳои содиротӣ тавассути низоми беҳтар гардонидашудаи амнияти озуқаворӣ» Қосим Қурбонов зикр кард, ки зарурати татбиқи лоиҳа ҳангоми шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо ба миён омадааст. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар Тоҷикистон якчанд маҳсулоти кишоварзии қобили рақобат ҳастанд ва асал аз ҷумлаи онҳост.

Ӯ тавзеҳ дод, ки сабаби такя ба асали табиӣ дар он аст, ки маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон хеле гуногун аст, вале асали тоҷик аз ҷиҳати сифат беҳтар буда, имкони рақобатпазирӣ дар бозорҳои содиротиро дорад.


Тавре мутахассис гуфт, дар рафти иҷрои ин лоиҳа ва ба амал баровардани якчанд тадбир маълум гардид, ки истеҳсоли асал чандон бехавф нест. Маҳсулоти ниҳоӣ, ки ҳам дар бозорҳои дохилӣ ва ҳам дар бозорҳои хориҷӣ ба истеъмолкунандагон пешниҳод карда мешавад, ба талаботи байналмилалии сифат ва бехатарӣ ҷавобгӯ нест.

Қосим Қурбонов Украинаро мисол овард, ки аз соли 2014 то соли 2020 истеҳсоли асалро аз 30 ҳазор тонна ба 80 ҳазор тонна дар як сол расонид.

«Ин маънои онро дорад, ки лоиҳаҳое мисли лоиҳаи мо метавонанд дарҳоро ба рӯи соҳибкорони хурду миёна боз кунанд, то онҳо тавонанд иқтидори пинҳоншудаи худро истифода баранд ва содироти асалро афзун намоянд», — гуфт Қ. Қурбонов.

Ҳадафи дигари лоиҳа- баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи ҳам истеҳсолкунандагон ва ҳам истеъмолкунандагон оид ба бехатарии ғизо, аз ҷумла асал мебошад. Кормандони лоиҳа дар ҷараёни санҷишҳои лабораторӣ муайян карданд, ки аксари асали истеҳсоли Тоҷикистон боқимондаҳои антибиотик доранд. Барои кам кардани микдори боқимондаҳои дорувориҳои байторӣ дар таркиби асал истифодаи онро комилан бояд барҳам дод ва ё қатъиян мувофиқи мақсад истифода бурд. Назорати бехатарии асал пурзӯр карда шуда, иқтидори лабораторияҳои мавҷуда барои гузарондани ҳама намуди озмоишҳое, ки Иттиҳоди Аврупо талаб мекунанд, васеъ карда шавад.

Ба гуфтаи Қосим Қурбонов, ҳоло зарфияти ин озмоишгоҳҳо чандон баланд нест ва низ аккредитатсияи байналмилалӣ надоранд.

Намояндаи Кумитаи амнияти озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмад Шарифов гуфт, ки 104 намунаи асали тоҷик ба озмоишгоҳи олмонӣ фиристода шуда, танҳо дар 3-тои онҳо боқимондаҳои доруҳои байторӣ ёфт шудаанд.

Истеҳсолкунандагони асал низ дар бораи мушкилоти худ изҳори назар мекунанд, ки яке аз онҳо  Абдуғанӣ Тошматов   аз Хуҷанд мебошад. Ӯ сабаби сифати баланди асали тоҷикро дар шароти  табиии кишвар мебинад.

«Дар Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор растании мухталиф мерӯянд. Мо аз моҳи март инҷониб занбӯрҳоро ба кӯҳҳо мебарем, ки дар онҷо гиёҳҳои шифобахши бисёре мавҷуданд. Барои тараққӣ додани занбӯри асал ва афзун намудани асали табиӣ ҳамаи шароит муҳайёст.  Асали мо аз ҷиҳати сифат ва тозагии экологӣ бартарӣ дорад. Сабабаш офтоб ва иқлими мост, — гуфт занбӯрпарвар А. Тошматов ва дар баробари ин, мавҷудияти мушкилоти соҳаро рад накарда, чунин иброз дошт. — Заминҳое, ки мо дар фасли баҳору тобистон занбӯри асалро мебарем, ба деҳқонон тааллуқ доранд ва дар наздикии зироати онҳо ҷойгиранд. Вақте ки деҳқонон дар киштзори худ бо маводи кимиёвии гуногун кор мекунанд, табиист, ки ин ба фаъолияти мо таъсири манфӣ мерасонад».


Ба гуфтаи ин занбӯрпарвар, маводи кимиёвӣ боиси талафоти занбӯри асал мегардад.

«Деҳқонон ҳангоми истифодаи дору дар заминҳояшон моро бояд огоҳ кунанд», — таклиф кард А.Тошматов.

Занбӯрпарвар мушкили нарасидани кадрҳои ҳирфаӣ дар соҳаи занбӯриасалпарвариро таъхирнопазир медонад.

«Дар Тоҷикистон ин қадар муассисаҳои таълимӣ ҳастанд, вале дар ҳеҷ кадоми онҳо дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ кадр тайёр намекунанд», — изҳори назар кард ӯ. «Маркази таълимӣ нест, мо худамон аз рӯи таҷрибаи падарону бобоён шогирдонро меомӯзонем», — изҳор дошт ӯ.

Занбӯрпарвари дигар Абдурауф Орипов дар бораи мушкилиҳое, ки истеҳсолкунандагони асал дар бозори дохилӣ ба он рӯ ба рӯ мешаванд, изҳори назар кард, ки пештар хуб буд, ҳоло харидор кам, арзиши занбӯрпарварӣ гарон аст, бо миқдори кам фурӯхтани асал фоидаовар нест. “Дар маҳаллаи мо 90 занбӯрпарвар буд, ки ҳама бо сабаби душворӣ аз ин пеша даст кашиданд”, – шикоят кард ӯ.

Ҳамкораш Абдуманнон Орифов аз набудани доруҳои дорои сертификат барои занбӯри асал шикоят кард. «Доруҳои гуногун пайдо шудаанд, занбӯриасалпарварон аксар вақт онҳоро бидуни дарки хусусияташон истифода мебаранд, ба мо доруҳои сертификатсияшуда лозиманд, вале онҳо дастрас нестанд. Инчунин доруҳоро дар занбӯр 1 моҳ пеш аз ҷамъоварии асал ва ё баъд аз он истифода бояд бурд», — гуфт мавсуф.

Ҳамин тариқ, барои афзун намудани имконияти содиротии Тоҷикистон барои асал корҳои зиёдеро бояд анҷом дод. Зеро талабот ба ин маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ сол то сол меафзояд, вале ягона кафили роҳ ёфтан ба бозорҳои ҷаҳонӣ — ин таъмини бехатарии асали табиӣ мебошад, ки ҳам аз худи асалпарварон ва ҳам аз масъулин донишу кӯшиш ва таваҷҷуҳу талоши махсус тақзо мекунад.

АКСҲО: манбаъҳои боз

Апрель 13, 2022 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Вазорати молияи Тоҷикистон дар Сессияи стратегии Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд иштирок намуд
Дар Душанбе Лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Узбекистон оид ба сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи заминшиносӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
«ДУШАНБЕ-КУЛМА». Бо кумаки молиявии Чин яке аз мушкилтарин қитъаҳои ин шоҳроҳ — «Қалъаихумб-Ванҷ-Рӯшон» таҷдид мегардад
Чин дар ҷануби Тоҷикистон неругоҳҳои офтобӣ ва шамолӣ месозад
Эмомалӣ Раҳмон: «Бунёду таҷдиди роҳ дар минтақаи «Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон» долони транзитии «Чин-Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия»-ро такмил хоҳад бахшид»
Пешвои миллат: «Тоҷикистон аз иштироки фаъолонаи соҳибкорони Чин ҷиҳати бунёди паркҳои саноатӣ, ҷалби технологияҳои нав ва истеҳсолоти калонҳаҷми муштарак истиқбол хоҳад кард»
Эмомалӣ Раҳмон: «Чин аз шарикони муҳимтарини тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад»
ЗАРДОЛУИ ТОҶИКИСТОН. Содироти ин мева сол то сол меафзояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Душанбе вохӯрии вазирони молияи Тоҷикистону Қирғизистон доир шуд
ЧИН — ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҷумҳурӣ беш аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ фаъолият дорад