ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ КФО-2022: «Истиқлол» аз «Ал-Ҳилол» шикаст хӯрд
ДУШАНБЕ, 16.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ — «Истиқлол»-и Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 дучори бохти сеюм шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаи Виталий Левченко дар даври сеюм аз ғолиби феълии мусобиқот, бошгоҳи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:1 ноком гардид. Муаллифи голи ягона дар дақиқаи 52-ум Салмон Ал-Фараҷ шуд.
«Истиқлол» бозии навбатии худро дар ин мусобиқаи бошукӯҳ 19 апрел баргузор мекунад. Рақиби бошгоҳи Душанбе боз «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ хоҳад буд.
Лигаи чемпионҳои КФО-2022
Гурӯҳи «А». Даври 3-юм
«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – 1:0
Гол: Салмон Ал-Фараҷ, 52.
15 апрел. Риёз. Варзишгоҳи «Шоҳзода Файсал Бин Фаҳд». 13 158 тамошобин.
АКС: ФФТ








БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд






