ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ КФО. «Истиқлол» дар бозии охирин бар дастаи «Шарҷа» ғолиб омад
ДУШАНБЕ, 28.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 27 ба 28 апрел дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе-чемпиони Тоҷикистон дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 дар гурӯҳи «А» бо дастаи футболи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Араб рақобат карда, бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Аз ин пеш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар даври гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 бозии панҷумашро анҷом дод. Дастаи Виталий Левченко дар даври панҷум бо дастаи футболи «Ал-Райян»-и Қатар қувва санҷида, дар лаҳзаҳои охирини рақобат бо ҳисоби 1:0 мағлуб гардид.
Хотиррасон мешавем, ки шаби 19 ба 20 апрел чемпиони Тоҷикистон- дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 бо пешсафи гурӯҳи «А» — дастаи футболи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ рақобат карда, бо ҳисоби 0:3 мағлуб гардид ва имкони аз гурӯҳ баромаданро аз даст дод.
Аз ин пеш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар доираи бозиҳои даври сеюми гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 аз дастаи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 1:0 мағлуб гардида буд. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 аз дастаи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 2:1 мағлуб гардида буд. Аз ҳайати дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе голи ягонаро капитани даста Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 29-уми бозӣ ба нишон расонид. Голҳои дастаи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Арабро Кайо Лукас Фернандес дар дақиқаи 54 ва Бернард Анисио дар дақиқаи 57 ба ҳадаф расониданд.
Чанд рӯз пеш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии нахустинаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022 дар гурӯҳи «А» аз дастаи «Ал-Райян»-и Қатар бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд. Голҳоро дар ҳайати дастаи «Истиқлол» Шаҳром Сулаймонов ва легионери узбекистонӣ Муҳаммад Исоев ба нишон расониданд. Дастаҳои футболи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ ва «Ал-Райян»-и Қатар аллакай аз гурӯҳи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе соҳиби роҳхати марҳилаи плей-офф шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи Лигаи чемпионҳои КФО-2022-ро бо се имтиёз анҷом дода, ва имконияти аз гурӯҳ баромаданро аз даст додааст.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи гурӯҳи «А»
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
| 1 | «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ | 5 | 4 | 1 | 0 | 11-3 | 13 |
| 2 | «Ал-Райян»-и Қатар | 5 | 3 | 1 | 1 | 8-7 | 10 |
| 3 | «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Араб | 5 | 1 | 2 | 2 | 7-9 | 5 |
| 4 | «Истиқлол»-и Тоҷикистон | 6 | 1 | 0 | 5 | 5-10 | 3 |
АКС: ФФТ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






