ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ КФО. «Истиқлол» дар бозии охирин бар дастаи «Шарҷа» ғолиб омад

Апрель 28, 2022 08:52

ДУШАНБЕ, 28.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 27 ба 28 апрел дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе-чемпиони Тоҷикистон дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 дар гурӯҳи «А» бо дастаи футболи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Араб рақобат карда, бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Аз ин пеш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар даври гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 бозии панҷумашро анҷом дод. Дастаи Виталий Левченко дар даври панҷум бо дастаи футболи «Ал-Райян»-и Қатар қувва санҷида, дар лаҳзаҳои охирини рақобат бо ҳисоби 1:0 мағлуб гардид.

Хотиррасон мешавем, ки шаби 19 ба 20 апрел чемпиони Тоҷикистон- дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 бо пешсафи гурӯҳи «А» — дастаи футболи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ рақобат карда, бо ҳисоби 0:3 мағлуб гардид ва имкони аз гурӯҳ баромаданро аз даст дод.

Аз ин пеш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар доираи бозиҳои даври сеюми гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 аз дастаи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 1:0 мағлуб гардида буд. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 аз дастаи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 2:1 мағлуб гардида буд. Аз ҳайати дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе голи ягонаро капитани даста Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 29-уми бозӣ ба нишон расонид. Голҳои дастаи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Арабро Кайо Лукас Фернандес дар дақиқаи 54 ва Бернард Анисио дар дақиқаи 57 ба ҳадаф расониданд.

Чанд рӯз пеш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии нахустинаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022 дар гурӯҳи «А» аз дастаи «Ал-Райян»-и Қатар бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд. Голҳоро дар ҳайати дастаи «Истиқлол» Шаҳром Сулаймонов ва легионери узбекистонӣ Муҳаммад Исоев ба нишон расониданд. Дастаҳои футболи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ ва «Ал-Райян»-и Қатар   аллакай аз гурӯҳи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе соҳиби роҳхати марҳилаи плей-офф шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи Лигаи чемпионҳои КФО-2022-ро бо се имтиёз анҷом дода, ва имконияти аз гурӯҳ баромаданро аз даст додааст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи гурӯҳи «А»

Ҷ   ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ 5 4 1 0 11-3 13
2 «Ал-Райян»-и Қатар 5 3 1 1 8-7 10
3 «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Араб 5 1 2 2 7-9 5
4 «Истиқлол»-и Тоҷикистон 6 1 0 5 5-10 3

АКС: ФФТ

Апрель 28, 2022 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ оид ба гимнастика баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд
Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ чорабинии сатҳи баланд оид ба нақши футбол дар солимии равонии ҷавонон доир намуд
Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар Чемпионати CAFA-2026 иштирок менамояд
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Ню-Йорк фестивал баргузор менамояд