ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ КФО. «Истиқлол» вохӯрии дуюми худро бо дастаи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор кард
ДУШАНБЕ, 12.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 аз дастаи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 2:1 мағуб гардид ва имкони баромад аз гурӯҳро барои худ душвор намуд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Аз ҳайати дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе голи ягонаро капитани даста Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 29-уми бозӣ ба нишон расонид. Голҳои дастаи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Арабро Кайо Лукас Фернандес, дар дақиқаи 54 ва Бернард Анисио, дар дақиқаи 57 ба ҳадаф расониданд.
Чанд рӯз пеш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии нахустинаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022 дар гурӯҳи «А» аз дастаи «Ал-Райян»-и Қатар бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд. Голҳоро дар ҳайати дастаи «Истиқлол» Шаҳром Сулаймонов ва легионери узбекистонӣ Муҳаммад Исоев ба нишон расонида буданд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бозии навбатии худро дар мусобиқаи пурнуфузи қораи Осиё 15 апрел бо пешсафи гурӯҳи «А»- дастаи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ, ки дар оғози Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 пайи ҳам ду пирӯзӣ ба даст овард, анҷом медиҳад.
АКС: ФФТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






