МАРЗИ НОМУСАМ, ВАТАН! Ноҳияҳои минтақаи Рашт маъракаи даъвати ҳарбиро дар рӯзи аввал ба анҷом расониданд
РАШТ, 01.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт «Рӯзи даъватшаванда» бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Ба майдони қисми ҳарбӣ даъватшавандагон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ба таври ихтиёрӣ барои шомил шудан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гардиданд, ки дар натиҷа ноҳияҳои Сангвору Лахш нақшаи даъвати ҳарбиро сад фоиз, Тоҷикобод 105 фоиз, Нуробод 101 фоиз ва Рашт 100,7 фоиз иҷро намуданд.
Дар ҳамоиш раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модарони даъватшавандагон ва собиқадорону фаъолони ҷомеа иштирок намуда, бо ҳидоятҳои нек наваскаронро гусел намуданд.
Раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд гуфт, ки «ба ҷо овардани хизмати ҳарбӣ, ки онро маҷозан хизмати Ватан – Модар меномем, қарзи муқаддаси ҳар ҷавони бонангу ори мамлакат аст. Чӣ хуб аст, ки солҳои охир ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии ҷавонони бошарафи водии Рашти бостонӣ боло рафта, ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мепайванданду рисолати шаҳрвандии хешро бо сари баланд адо менамоянд. Ҷавононе, ки хизмати ҳарбиро ихтиёр намудаанд, бо ҷасораташон қаҳрамонони рӯзҳои мо ба шумор рафта, на танҳо мояи ифтихори волидайн, деҳа ва ноҳияи хеш, балки шоистаи ифтихори Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон мебошанд».
Дар ҳамоиши мазкур ба 90 нафар наваскароне, ки курси ронандагии ҶДММ «Мададгори мудофиа» – ро хатм намуда, барои ба сафи Артиши миллӣ шомил шудан ихтиёран ариза навишта буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуд.
Хизматчиёни давлатии навоҳии минтақаи Рашт, аз ҷумла раиси ноҳияи Рашт Муқимҷон Набизода, раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақирзода, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Нуробод Назригул Шамсиева, мудири шуъбаи молияи ноҳияи Рашт Хурсанд Давлатёрзода ва дигарон бо масъулияти баланди ватандўстї, њамчун намунаи ибрат фарзандони худро ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд.
Сокини ноҳияи Рашт Оимнисо Таваккалова иброз дошт, ки “мо, занону бонувони Раштонзамин сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатро содиқона дастгирӣ намуда, фарзандонамонро дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия менамоем. Хушбахтона, имрӯзҳо заҳмати шабонарӯзиамонро мебинем, ки чӣ гуна фарзандони мо масъулияти ватандориро ҳис намуда, бо сари баланд ба сафи Артиши миллӣ шомил мегарданд ва номи худу волидайну деҳаю ноҳияи хешро дар сатҳи ҷумҳурӣ муаррифӣ менамоянд”.
Раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода гуфт, ки «волотарин меъёри ватандорию ватандӯстӣ расидан ба қадри Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлол, ба ҷо овардани хизмати Ватан ва ҳифзи марзу буми он аст, ки хушбахтона, ҷавонони ноҳияи Сангвор ҳамасола дар рӯзи даъвати ҷавонон ба Артиши миллӣ ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуда, барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда мешаванд. Айни замон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Сангвор зиёда аз 100 нафар ҷавонон содиқона хизмат намуда истодаанд. Ба даъвати баҳорӣ ҷавонони синни даъватӣ ба таври ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд».
Дар маъракаи мазкур даъватшаванда аз ноҳияи Лахш Сафарбеки Соимзода аз ҷавонони ҷумҳурӣ даъват ба амал овард, ки «ҳифзи ватану модару хоҳар номуси мардони шуҷою далеру боғайрат мебошад. Аз ин рӯ ҳамсолони ман аз саросари ҷумҳурӣ бояд аз хизмати ҳарбӣ наҳаросанд ва пайрави гузаштагони худ гардида, ҳамеша баҳри ҳимояи марзу буми Ватани аҷдодӣ омода бошанд».
Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ дастаи ҳаваскорони бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои минтақа барномаи ҷолиби консертиро манзури ҳозирин карданд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»









Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд
Котиби Шурои амнияти мамлакат бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд






