МИЛИТСИЯ-СИПАРУ ТАКЯГОҲ. Шариф Назарзода сокинони маҳаллаҳои шаҳри Хоруғро ба тақвияти ҳамкории дуҷониба даъват намуд

Апрель 13, 2022 10:00

ДУШАНБЕ, 13.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шариф Назарзода бо сокинони маҳаллаҳои гуногуни шаҳри Хоруғ мулоқоту суҳбатҳои озоду ошкоро доир намуда истодааст, ки ҳадафи асосии он ташкили фазои мусоиди ҳамдигарфаҳмӣ миёни аҳолӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

Тавре дар Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин силсиламулоқот ҷиҳати тақвият бахшидан ба ҳамкории милитсия бо аҳолӣ, ҳалли муаммову проблемаҳои ҷойдошта дар маҳал, шунидани арзу дархост ва пешниҳодоти сокинон вобаста ба масъалаҳои ҷорӣ ва боло бурдани эътимоду боварии мардум ба милитсия чун сипару такягоҳ доир мегарданд.

Дар доираи ин иқдом сардори мақомоти корҳои дохилии ВМКБ Шариф Назарзода ба маҳаллаи Фурудгоҳи шаҳри Хоруғ рафта, нахустин вохӯрию суҳбати озоди худро бо сокинони маҳаллаҳои Тем, Фурудгоҳ ва Селхозтехника баргузор намуд.

Зимни мулоқот Шариф Назарзода нахуст аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба амалӣ намудани якчанд барномаву стратегияҳои давлатӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ сухан гуфт.


Ӯ сипас ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои милливу фарҳангӣ, таъмини волоияти қонун, эҳтироми калонсолон дар ҷомеа, пешгирӣ намудани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва ба яке аз минтақаҳои амнтарини кишвар табдил додани Бадахшон диққати махсус зоҳир намуда, баррасии фаврии арзу шикоятҳои шаҳрвандон ва ҳалли муаммову проблемаҳои ҷойдоштаи аҳолиро аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти корҳои дохилии вилоят ҳисобид.

Сардори мақомоти милитсияи вилоят аҳолии маҳаллаҳоро  даъват намуд, ки баҳри таъмини пурраи волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ аз амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ бо мақомоти милитсия ҳамкории дуҷонибаро тақвият дода, барои ташкили фазои мусоиди ҳамдигарфаҳмӣ саҳми арзанда гузоранд.

Баргузории мулоқотҳои судманд дар дигар маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ идома меёбад.

АКСҲО: Раёсати ВКД дар ВМКБ

Апрель 13, 2022 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд