Миёни ширкатҳои истеҳсолии вилоятҳои Суғд ва Липетск 17 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 13.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 апрел маросими имзои созишномаҳои ҳамкорӣ миёни вилоятҳои Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Липетски Федератсияи Русия баргузор гардида, дар маҷмӯъ 17 созишнома ба имзо расонида шуд, хабар доданд дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар».
Маросими имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ бо ҳузури муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов доир гардид. Ҷонибҳо оид ба содироти меваю сабзавот ва хушкмева, ташкили сафари аҳли фарҳангу маданияти вилояти Липетск ба вилояти Суғд, ба роҳ мондани саёҳати сокинони вилояти Липетск ба вилояти Суғд, ташкили «Хонаи савдо»-и вилояти Суғд дар вилояти Липетск ва ҳамкорӣ дар бахши таҳсилоти олӣ меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Ҳамзамон миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск, ширкатҳои «Нуртекс» ва «Маркази содиротии вилояти Липетск», «Оби Зулол» ва «Маркази содиротии вилояти Липетск», «Само» ва «ИнтерЭкоТехнологии», Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва «ЛипетскКомплексСтрой», «ЛипетскКомплексСтрой» ва «Хорои Хуҷанд», «ЛипетскКомплексСтрой» ва «Нуртекс», «ЛипетскКомплексСтрой» ва «Силкоат Бойя», «Евро Агро» ва филиали «Хантана Канада Инк» дар вилояти Суғд, «Евро Агро» ва «Сомон кристалл» созишномаҳои ҳамкорӣ имзо гардиданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд






