МУБОРАК БОД! Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 12.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар гурӯҳи «В» мақоми дуюмро касб карда, ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа, ки тирамоҳ дар Кувайт баргузор мешавад, роҳ ёфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаи мо дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 бар дастаи Непал (11:1) пирӯз шуда, ҳисобро бо дастаи Афғонистон мусовӣ (4:4) кард ва аз дастаи Узбекистон (2:5) шикаст хӯрд.
Дар натиҷа дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон чаҳор имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвал зинаи дуюмро касб намуд.
АКС: ФФТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






