Музаффар Ҳусейнзода ва Валихан Туреханов ҳамкории бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Қазоқистонро баррасӣ намуданд

Апрель 27, 2022 08:35

ДУШАНБЕ, 27.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 26 апрел муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Турехановро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои муҳими ҳамкории бисёрҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё табодули афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Сафири навтаъйини Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихан Туреханов 6 апрел ба муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ  нусхаи эътимодномаи худро супорида буд.

Пас аз маросими супоридани нусхаи эътимоднома мулоқоти дуҷониба баргузор гардид.

Ҳамсуҳбатон масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистонро баррасӣ намуда, перомуни чорабиниҳои муштараки дарпешистода ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ табодули афкор намуданд.

АКС: ВКХ ҶТ

Апрель 27, 2022 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд