ҶОМИ ОСИЁ. Ҷудочиёни ҷавони тоҷик соҳиби медали нуқра ва ду биринҷӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 09.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон ва ҷавонон, ки 5-8 апрел дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуд, се медал – як нуқра ва ду биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ ҳудуди 500 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон иштирок карданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 9 нафар миёни наврасон ва 19 нафар миёни ҷавонон ба Тошканд сафарбар гардида, дар мусобиқа миёни ҷавонон ба гирифтани се медал – як медали нуқра ва ду медали биринҷӣ даст ёфт.
Медали нуқраро Иброҳим Элмуродов дар вазни +100кг ба даст овард. Нуралӣ Эмомалӣ дар вазни -66кг ва Масъуд Аҳмадзод дар вазни -73кг сазовори медали биринҷӣ гаштанд.
АКСҲО: КМО Тоҷикистон









Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






