ҲОМИИ МАРЗИ ТУ МОЕМ, ЭЙ ВАТАН! Ҷавонони ватандӯсту шуҷоатманди Исфара ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд
ДУШАНБЕ, 01.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи аввалини ҷавонони синни даъватии шаҳри Исфара, ҷавонони ватандӯсту шуҷоатманди шаҳр, ки ихтиёран, бо амри дилу виҷдон азми хизмати Модар — Ватан кардаанд, ботантана ба хизмати ҳарбӣ гуселонида шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара хабар доданд.
Ба ин муносибат дар майдони Шоҳ Исмоили Сомонии маркази шаҳр бо ширкати роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони комиссариати ҳарбӣ, масъулини мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, собиқадорони ҷангу меҳнат ва волидайну пайвандони ҷавононе, ки хизмати Модар-Ватанро ихтиёр намудаанд, ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Тавре раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода зимни ҳамоиш изҳор дошт, «нахустин рӯзи сафарбарнамоӣ ва гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аз оғози нек ва муташаккилонаи маъракаи даъватӣ гувоҳӣ медиҳад. Зеро дар оғоз ва нахустин рӯзҳои маъракаи даъвати баҳорӣ ҷамоатҳои деҳоти Воруху Чоркӯҳ ва Нурафшон аз иҷрои меъёрҳои муқарраршудаи даъватӣ бо сарбаландӣ паём расониданд».
Зикр шуд, ки аҷдодони хирадманди мо аз қадимулайём мардонагии ҳақиқиро дар омодагӣ ба ҳифзи Ватан ва ҷонфидоӣ ба номи Ватан медиданд. Бузургмардоне, чун Спитамену Деваштич, Темурмалику Восеъ ва даҳҳо дигарон, ки хушбахтии комили мардуми худро дар мавҷудияти Ватан дидаву баҳри ҳифзу ҳимояи сарзамини аҷдодии хеш ҷонфидоёна мубориза бурдаанд, тимсоли қаҳрамонӣ ва ватандории мо, тоҷикон мебошанд. Ва маҳз рӯҳи бегазанди онҳо имрӯз ҳомиёни ояндаи Ватанро ба хизмати содиқонаю бошарафона ҳидоят менамояд.
Ҳозирини ҳамоиш аз муқаддас будани Ватан ва ҳатмӣ будани хизмати ҳарбӣ ёдовар шуда, бо тазаккури зарурати дифоъ аз марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол ва шарафу номуси миллат ба ҷавонон дар адои хизмати аскарӣ сабру таҳаммул, шуҷоату далерӣ, бурдбориву сарбаландӣ ва музаффарияти беназир таманно намуданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш ҳамчунин собиқадори меҳнат Гулафзо Савриддинова, модари даъватшаванда аз деҳаи Кулканд Уғулхон Кудратова сухан гуфта, ба ҷавонони дар мавсими баҳорӣ аз аввалинҳо шуда ба адои хизмати ҳарбӣ сафарбаршаванда изҳори сипос карданд.
Сарбози навдаъват Аҳадҷон Қудратов изҳор дошт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби мукаммали ҳаёт ва обутоби ахлоқиву ҷисмонӣ, арсаи далерию мардонагӣ мебошад ва ҷавонони синни даъватӣ барои ба ҷо овардани хизмати Модар-Ватан бояд камар банданд.
Зеро аскарӣ ба ҷуз адои қарзи шаҳрвандӣ мактаби хуби ҷавонмардиву садоқат ва омодагӣ ба зиндагии мустақилона, расидан ба қадри падару модар, додару хоҳар ва насими форами зодгоҳ аст.
Мавсуф аз номи ҷавонони баору номус, ҷавонмардони ҳақиқие, ки ифтихори баланди миллӣ доранду Ватанашонро аз сидқи дил дӯст медоранд, дар назди аҳли ҷамъомад ботантана ваъда дод, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хизмати Модар-Ватанро бо сари баланду дили пок адо хоҳад кард
Ҳунарнамоии аҳли фарҳанги шаҳр ва шодиву нишоти сарбозону наваскарон анҷомбахши ин ҷамъомади бошукӯҳ буд.
АКСҲО: МИҲД ш. Исфара








Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд






