Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ иштирок мекунанд

Апрель 17, 2022 11:21

ДУШАНБЕ, 17.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз  19  то 24 апрел дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Чемпионати Осиё оид ба  намуди гӯштини тарзи озод ва  юнонӣ-римӣ баргузор мешавад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Барои ширкат дар чемпионат 270 варзишгар аз 18 давлати қора дархост пешниҳод кардаанд.

Аъзои дастаи мунтахаби гӯштини тарзи озоди Тоҷикистон – Муҳаммад Икромов (-61кг), Шуҳрат Бозоров (-79кг) ва Искандари Рустам (-125кг) дар мусобиқаи сатҳи баланди қоравӣ ширкат хоҳанд кард.

Чемпионати Осиё 19 апрел бо қувваозмоиҳои гӯштини юнонӣ-римӣ оғоз мегардад, 21-22 апрел бонувон, сипас 23-24 апрел гӯштингирони тарзи озод сабқат мекунанд.

Варзишгари шинохтаи тоҷик Искандари Рустам барандаи 2 медали нуқра (2012, 2013) ва 2 медали биринҷии (2014, 2020) Чемпионати Осиё дар вазни 97кг ва Муҳаммад Икромов барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё дар вазни 61кг (2020-Деҳлӣ) мебошанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 17, 2022 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид