ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёди 20 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 26.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи панҷсолаи рушди саноат ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёди 20 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора зимни шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони як қатор корхонаҳои саноатӣ маълумот дода шуд, хабар медиҳад корманди Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ «Ховар».
Раиси вилоят нахуст бо фаъолият ва тадбирҳои бунёдкорӣ дар ҶДММ «Аҷр» шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ дар масоҳати 0,54 гектар ҷойгир буда, дар он бо мақсади беҳтар намудани фаъолият хатҳои нави истеҳсолӣ насб карда мешавад. Таҷҳизоти зарурӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардида, баъди насби онҳо дар назар аст, ки дар як шабонарӯз то 25 ҳазор дона халта истеҳсол гардад.
Сипас Раиси вилоят дар ҶДММ «Шишаи сохтмон» ҷараёни васлу насби таҷҳизотро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Дар ин корхонаи навбунёд истеҳсоли шиша барои сохтмон ба роҳ монда шуда, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он даҳҳо нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд.
Раҷаббой Аҳмадзода ба соҳибкорон барои татбиқи лоиҳаҳо тавсияҳо дода, воридсозии технолгияҳои навро муҳиму саривақтӣ арёзбӣ намуд ва барои ҳарчи бештар таъсис додани ҷойҳои корӣ супориш дод.
Ба иттилои масъулини соҳаи саноати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар семоҳаи аввали соли равон дар ноҳия 7 корхона ва хатҳои нави истеҳсолӣ фаъол гардида, беш аз 100 нафар сокинон бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд. Дар корхонаҳои саноатии ноҳия дар семоҳаи аввали сол ба маблағи наздик 900 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 273 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад






