ПАРИЖ-2024: марҳилаи интихобии олимпӣ дар намуди ҷудо аз 24 июни соли 2022 шурӯъ мегардад

Апрель 24, 2022 09:08

ДУШАНБЕ, 24.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 (26 июл – 11 август) дар Париж – пойтахти Фаронса Бозиҳои XXXIII Олимпиада баргузор мешаванд. Ба барномаи бозиҳо 32 намуди варзиш, аз ҷумла ҷудо ворид гардидааст. Марҳилаи интихобии олимпӣ дар намуди ҷудо 24 июни соли 2022 шурӯъ гардида, 23 июни соли 2024 ба анҷом мерасад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мусобиқаи ҷудо аз рӯи 15 қувваозмоӣ доир мешавад: мардон дар 7 вазн, бонувон дар 7 вазн ва 1 қувваозмоии даставии омехта.

Дар намуди ҷудо ҳамагӣ 372 варзишгар (186 нафар миёни мардон, 186 нафар миёни бонувон) иштирок мекунанд. 338 нафар (169-нафарӣ миёни мардону бонувон) тариқи роҳхати мустақим, 14 нафар (7-нафарӣ миёни мардону занон) варзишгарони кишвари мизбон, 5 нафар барои қувваозмоии даставӣ даъват шуда, 15 нафар тариқи ҷойи универсалӣ ба Париж сафарбар мегарданд.

Роҳхатҳои мустақим (238 адад) дар асоси раддабандии олимпии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) аз 25 июни соли 2024 тақсим мешаванд. 17 нафари аввали ҳар категорияи вазнӣ ҳам миёни мардҳо, ҳам миёни бонувон соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд. Вале аз як кумитаи миллии олимпӣ (КМО) дар як вазн як нафар имкони гирифтани роҳхат дорад. Яъне, агар КМО дар як категорияи вазнӣ 2 ё зиёда роҳхат ба даст оварад, пас бояд як нафарро интихоб кунад. Ҷойҳои холишуда аз ин ҳисоб аз ҳисоби варзишгарони ҷойҳои аз 18 боло пур карда мешавад.

100 роҳхати дигар (50 – мардҳо, 50 — бонувон) дар асоси раддабандии олимпӣ ба намояндагони қораҳо насиб мегардад. Дар асоси раддабандии олимпӣ раддабандии қитъавӣ тартиб дода мешавад ва намояндагони қораҳо, ки дар 17-гонаи аввал ҷой нагирифтанд, вале мавқеашон хуб аст, сазовори роҳхати олимпӣ мешаванд. Шакли тақсимбандии ҷойҳо барои қораҳо чунин аст:

Аврупо – 25 роҳхат (13 роҳхат ба мардҳо, 12 роҳхат ба бонувон)

Амрико – 21 роҳхат (10 роҳхат ба мардҳо, 11 роҳхат ба бонувон)

Африқо – 24 роҳхат (12-нафарӣ миёни мардону бонувон)

Осиё – 20 роҳхат (10-нафарӣ миёни мардону бонувон)

Уқёнус – 10 роҳхат (5-нафарӣ ба мардону бонувон)

Дар баробари ин ҳар қора 1 квотаи даъват барои қувваозмоии даставӣ дорад. Варзишгароне, ки квотаи даъвати дастаӣ мегиранд, ба таври худкор ҳам дар қувваозмоиҳои инфиродӣ ва ҳам дар мусобиқаи даставии Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунанд. Давлатҳое ҳастанд, ки ба ҷои шаш категорияи вазнҳои даставӣ танҳо панҷ (5) варзишгар доранд. Кишваре, ки дар ҳар қитъа дар рӯйхати раддабандии дастаҳои ҷаҳонӣ ҷой гирифтааст, квота мегирад.

14 варзишгари кишвари мизбон (дар ҳар категорияи вазнӣ як нафар) миёни мардону бонувон соҳиби квота мегарданд. Ҷойи онҳо дар раддабандии олимпӣ ба инобат гирифта намешавад.

15 квота бо қарори Комиссияи сеҷониба ба КМО-е, ки шумораи роҳхатҳои олимпиашон дар ҳама намуди варзиш кам аст, дода мешавад.

Марҳилаи интихобии олимпӣ дар намуди ҷудо 24 июни соли 2022 шурӯъ гардида, 23 июни соли 2024 ба анҷом мерасад. Ҳамаи мусобиқаҳои ҷудо, ки дар рӯйхати чорабиниҳои IJF сабт гардидаанд ва дар давраи аз 24.06.2022 то 23.06.2024 доир мегарданд, интихобӣ ба ҳисоб мераванд. Варзишгарон дар мусобиқаҳо иштирок карда, соҳиби холҳои олимпӣ мегарданд. Натиҷаи раддабандии олимпӣ баъд аз ҳар мусобиқа дар сомонаи расмии IJF нашр мешавад.

Мусобиқаи ҷудо дар Бозиҳои олимпии Париж-2024

Қувваозмоӣ – 15

Мардон – 7

Бонувон – 7

Даставии омехта – 1

Шумораи иштирокчиён

Мардон – 186

Бонувон — 186

Ҳамагӣ – 372

Синну сол – 15+

Тақсими ҷойҳо:

Роҳхати мустақим – 238

Роҳхат тариқи қораҳо – 100

Квотаи даъвати даставӣ — 5

Квота аз ҷониби Комиссияи сеҷониба — 15

Квота барои кишвари мизбон – 14

Ҳамагӣ – 372

Ёдовар мешавем, ки мусобиқа оид ба ҷудо бори аввал дар Бозиҳои олимпии Токио-1964 доир гашт ва баъдан ба барномаи ҳамаи бозиҳо ворид карда шуд, ба ғайр аз Бозиҳои олимпии Мехико-1968. Аввал рақобатҳо миёни мардон сурат мегирифт, қувваозмоиҳо миёни занон бори аввал дар Олимпиадаи Барселона-1992 доир гаштанд.

Соли 1964 мусобиқаи ҷудо аз рӯи чор категорияи вазнӣ сурат гирифт: вазни озод, -68кг, -80кг, +80кг. Такеҳида Накатанӣ, Исао Окано, Исао Инокума (ҳар се аз Ҷопон), Антон Гесинк аз Ҳолланд аввалин қаҳрамонҳои олимпӣ дар намуди ҷудо мебошанд.

Варзишгарони тоҷик соли 1996 дар Бозиҳои олимпии Атланта (3 нафар), соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин (3 нафар), соли 2012 дар Бозиҳои олимпии Лондон (2 нафар), соли 2016 дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро (2 нафар) ва соли 2021 дар Бозиҳои олимпии Токио (4 нафар) иштирок карданд.

Соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин Расул Боқиев аввалин медали олимпии Тоҷикистонро ба даст овард. Ӯ дар қувваозмоии вазни -73кг сазовори медали биринҷӣ гардид.

АКС: КМО Тоҷикистон

Апрель 24, 2022 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имшаб дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Ироқ бо ҳам бозӣ мекунанд
Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо дар шаҳри Кӯлоб муайян гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал тими Кореяи Ҷанубиро мағлуб намуд
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат доир мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ менамояд
Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Саидҷамол Алимардонов сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Темурмалик гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозиашро анҷом дод
Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Тоҷикистонро дар Чемпионати инфиродии Осиё – 2024 9 паҳлавон муаррифӣ менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд