Раиси вилояти Суғд бо фаъолияти корхонаи заргарӣ дар шаҳри Бӯстон шинос шуд
ДУШАНБЕ, 02.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон бо фаъолияти корхонаи заргарии «Зари Суғд» шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» ба истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Корхонаи заргарии «Зари Суғд» истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ, армуғонҳои гуногун, нишонҳои сарисинагӣ, нимпайкара, қолабҳои гуногуни металлиро роҳандозӣ намуда, инчунин аз сангҳои ороишӣ туҳфаву армуғон омода месозад.
Бояд гуфт, ки Корхонаи мазкур зертобеи Корхонаи воҳиди давлатии «Фулузоти нодири Тоҷикистон» буда, солиёни зиёд кӯҳнаву фарсуда ва бекор буд. Баъди эълони иқдоми саноатикунонии босуръати мамлакат чун ҳадафи чоруми стратегӣ «Зари Суғд» пурра навсозӣ гардида, барои истеҳсоли маҳсулоти аълосифат бо дастгоҳҳои нави корӣ таъмин карда шуд. Корхона моҳи феврали соли равон бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт.
Тамоми дастгоҳу таҷҳизоте, ки дар доираи корҳои навсозӣ дар корхона насб гаридаанд, истеҳсоли Туркия ва Федератсияи Русия буда, чунин шароит имконият медиҳад, ки маҳсулоти ниҳоӣ бо сифати баланд омода гардад.


Дар ҳудуди корхона сехҳои заргарӣ, зарҳалкорӣ, қолабомодакунӣ, сехи механикӣ ва анбори алоҳидаи нигоҳдории маҳсулоти тайёр ташкил гардида, дар маҷмӯъ 30 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ гардидаанд. Дар корхона асосан хатмкардаҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Бӯстон фаъолият менамоянд, ба кор ҷалб шудаанд.
Корхонаи заргарии «Зари Суғд» пурра бо ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият намуда, маҳсулоти ивазкунандаи воридотро ба бозорҳои мамлакат пешниҳод менамояд. Инчунин коргарон мақсад доранд, ки маснуоти заргарии истеҳсолнамудаи корхона ва маҳсулоти аз сангҳои ороишӣ омодагаштаро дар навбати аввал ба мамлакатҳои ҳамсоя содирот намоянд.
Раиси вилоят пас аз шиносоӣ барои тавсеаи фаъолияти корхона, омӯзиши бозори минтақа, содироти маҳсулот тавсияҳои судманд дод.
АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






