Рамазон Раҳимзода: Кормандони милитсияи Душанбе бояд бо донишу малакаи баланди касбӣ ва муоширату муомила фарқ кунанд
ДУШАНБЕ, 08.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Таъмини сулҳу субот, мубориза бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва хавфнок аз ҳар корманди мақомоти милитсия зиракиву ҳушёрии беш аз пеш талаб менамояд. Махсусан дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе, ки маркази маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, кормандони милитсия бояд бо донишу малакаи баланди касбӣ, одобу рафтор ва муоширату муомила намуна бошанд. Чунин зикр намуд Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни машварати фаврӣ-хизматӣ дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
Тавре дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар машварати фаврии мазкур сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Бароталӣ Ҳамидзода, роҳбарияти дастгоҳи марказии Раёсат ва роҳбарони ҷузъу томи мақомоти милитсияи пойтахт иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ вазъи содиршавии амалу кирдорҳои номатлуб, махсусан сар задани авбошӣ ва муноқишаҳои гурӯҳӣ миёни ҷавонону ноболиғон бо истифода аз силоҳи сард, вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, таваққуфи нодуруст дар қатори дуюму сеюми роҳ ва ба ин тартиб ба таври сунъӣ ба миён овардани танбашавии воситаҳои нақлиёт ва дигар мушкилоти ҷойдоштаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Мавсуф ҷиҳати сари вақт бартараф сохтани онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
АКС: Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш.Душанбе










Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






