Саидмурод Фаттоҳзода ва Тзи Шумин дурнамои ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Чинро баррасӣ намуданд

Апрель 5, 2022 11:55

ДУШАНБЕ, 05.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз раиси кумита оид ба корҳои  байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тзи Шумин мулоқот намуд, хабар дод ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.

Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мутақобилан судманд миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон  мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо изҳори хушҳолӣ карданд, ки дар таҳкиму густариши ҳамкории дуҷониба саҳми роҳбарони ҳарду давлат — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бениҳоят калон аст.

Саидмурод Фаттоҳзода Чинро яке аз кишварҳои дӯсту бародар ва ҳамсояи наздики Тоҷикистон дониста, зикр кард, ки имрӯз Ҷумҳурии Мардумии Чин шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таҳкиму густариши робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо давлати Чин аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Инчунин байни ин кишварҳо муносиботи хуби сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ ба роҳ монда шудаанд, ки ба манфиати халқу миллатҳои ҳарду ҷониб мебошанд.


Дар мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкории сисолаи Тоҷикистон ва Чин ёдовар шуда, таҷрибаи ҳамдигариро дар бахшҳои омӯзиши сиёсӣ, тарбияи кадрҳо ва ёрии фаннию техникӣ самарабахш арзёбӣ карданд.

Раиси кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагон нақши Чинро дар рушду тараққиёт, дастгирии татбиқи лоиҳаҳо бо ворид кардани сармояи чинӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар, рушди иқтисоди миллӣ, иҷрои самараноки стратегияи миллии рушд, саноатикунонии кишвари мо ва дигар самтҳои барои ҳарду ҷониб судовар ҳисобид.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин вазъи кунуниву дурнамои муносибатҳои гуногунҷанба ва масъалаҳои вобаста ба ҳамкории байнипарлумонӣ, минтақавию байналмилалии Тоҷикистон ва Чинро мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 5, 2022 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид
6 феврал Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид