Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара коргоҳи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Саманд»-ро ифтитоҳ намуданд

Апрель 17, 2022 09:18

ДУШАНБЕ, 17.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи ба номи академик Ҷӯраеви шаҳри Исфара коргоҳи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Исфара Саманд»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Масоҳати умумии иншоот 0,8 гектарро ташкил медиҳад. Коргоҳ дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фахриддин Сироҷов дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунëд карда шудааст ва аз як хати истеҳсолӣ иборат мебошад. Маблағи сарфгардида барои харидории технологияи муосир як миллион сомониро ташкил медиҳад. Дастгоҳу таҷҳизоти коргоҳ истеҳсоли ширкатҳои бонуфӯзи Италия ва Олмон аст.

ҶДММ «Исфара Саманд» дар бинои бекорхобида, ки қаблан мағозаи хӯрокворӣ буд, таъсис ёфтааст. Бино пурра таъмир шуда, ба талабот мутобиқ мебошад.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол 50 ҳазор ҷуфт пойафзол мебошад. Дар ҶДММ «Исфара Саманд» 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои корӣ доимӣ ва маоши аз 800 то 2000 сомонӣ таъмин гардидаанд.

Дар коргоҳ пойафзоли гуногунранг бо андозаи аз 11,5 то 41, асосан барои кӯдакону наврасон ва ҷавонон истеҳсол карда мешавад.

Пойафзоли истеҳсолгардида ивазкунандаи воридот буда, ба содирот нигаронида шудааст. 80 фисади пойафзоли дар коргоҳ истеҳсолшаванда ба хориҷи кишвар содирот шуда, боқимонда дар бозори дохили ҷумҳурӣ ба фурӯш гузошта мешавад.

Аснои шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати пойафзол диққати махсус зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки дар шароити ҳозира танҳо бо роҳи сифатнок истеҳсол намудани маҳсулот мавқеъ пайдо намудан дар бозор имконпазир аст.

Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Саманд» дар шаҳри Исфара 17.04.2022

Апрель 17, 2022 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад