«СОҲИЛИ ТОЗА». Ташаббуси мазкур дар Бадахшон то охири моҳи апрел идома меёбад
ХОРУҒ, 05.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ ташаббуси «Соҳили тоза» роҳандозӣ шуд, ки дар он зиёда аз 100 нафар кормандони касбу кори гуногун ширкат намуданд, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Ташаббуси мазкур ду рӯз идома ёфта, минбаъд низ рӯзҳои шанбе ва якшанбе кормандони муассисаҳои давлатию ҷамъиятии вилоят бо навбат дар он ширкат менамоянд.
Ба андешаи сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Мулкамон Назаралиев, “бо гарм шудани ҳаво сатҳи оби дарё ва рӯдхонаҳои кӯҳӣ баланд гардида, ҳамаи ифлосӣ ва партовҳои маишӣ тавассути оби дарё ба минтақаҳои поёнии кишвар ва берун аз он мераванд. Мутобиқи омори расмӣ, қад-қади дарёи Ому беш аз чор миллион сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ сукунат доранд ва агар як қисмашон тавассути лӯлаҳои обкаш ин обро истеъмол кунанд, қисми дигар, бахусус кӯдакону наврасон ҳангоми оббозӣ ба василаи оби дарё ташнагии худро мешикананд. Воқеан ин об аз саргаҳи пиряхҳои баланду беғубор маншаъ гирифта, хеле поку зулол ва ширин аст, ба шарте ки агар аз тарафи сокинони болооб олуда нагардад”.
Сардори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилоят Девлох Мирзоев мегӯяд, ки “ин ташаббус чандин сол аст, ки дар фаслҳои тирамоҳу баҳор гузаронида мешавад. Дар баробари бевосита тоза намудани соҳили дарё ҳамчунин дар ин рӯзҳо як гурӯҳи махсуси таблиғотӣ бо ширкати коршиносони масоили муҳити зист бо сокиноне, ки дар атрофи дарё ва рӯдхонаҳои кӯҳӣ иқомат доранд, мулоқот анҷом медиҳад. Ҳангоми мулоқот аз онҳо даъват мешавад, ки ба мардум фаҳмонанд, то соҳили дарёро ҳамеша тоза нигоҳ дошта, бо партовҳои маишӣ олуда накунанд. Агарчӣ дар панҷ соли охир партовҳои маишӣ дар соҳили рӯдхонаҳо камтар ба назар мерасанд, аммо ҳанӯз ҳам баъзе сокинони маҳаллӣ ва сайёҳону меҳмонон дар соҳили дарё дастурхон ороста, пас аз дамгирӣ бастаҳои полиэтиленӣ, шишаҳои пластикӣ, пасмондаҳои меваҷоту сабзавотро ба оби дарё мепартоянд. Ягона хоҳиш аз истироҳаткунандагон ин аст, ки пас аз дамгирӣ пасмондаҳоро ба партовгоҳҳои махсус партоянд”.
Масъулини Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят изҳор доштанд, ки ташаббуси «Соҳили тоза» дар ноҳияи дурдасти Мурғоб ва ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз низ идома ёфта, охири моҳи апрел ба анҷом мерасад.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид
Дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандон ба беш аз 110 миллион сомонӣ расид
«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Тавассути корти бонкии нафақагирон беш аз 200 амалиёти бонкӣ иҷро мегардад






