Тоҷикистон ва Дафтари зиддитеррористии СММ иқдомҳои муштарак оид ба мубориза бар зидди терроризмро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 22.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 22 апрел дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо муовини Дабири кулли СММ, роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2021-2025» ва масъалаҳои таҳдиду чолишҳои амниятӣ мубодилаи афкор намуданд.
Инчунин дар ҷараёни мулоқот роҳҳои густариши ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди зиддитеррористии СММ ва иқдомҳои муштарак дар доираи «Раванди Душанбе» оид ба мубориза бо терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС: ВКХ ҶТ








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






