Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо масоили таҳкими амнияти минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд

Апрель 8, 2022 10:48

ДУШАНБЕ, 08.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 7 апрел Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон Томас Никлассон ва ҳайати ҳамроҳонаш вохӯрӣ баргузор намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилӣ.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ, аз қабили таҳкими амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масоили муҳимро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимнан ҷонибҳо ба вазъи кунунии Афғонистон ва густариши мавқеи муттаҳидаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пешгирии буҳрони башардӯстона дар Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум барпо гардида, ҷонибҳо оид ба тақвият бахшидани ҳамкории минбаъда ҳавасмандӣ зоҳир карданд.

АКСҲО: ВКД ҶТ

Апрель 8, 2022 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд