Тоҷикистон ва Литва нақша доранд корхонаҳои муштарак оид ба коркарди металлургия таъсис диҳанд

Апрель 12, 2022 14:34

ДУШАНБЕ, 12.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи фароҳам овардани шароити мусоид барои пайдо кардани бозорҳо ва харидорони нави маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди металлургия миёни Тоҷикистон ва Литва имрӯз зимни вохӯрии  муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Литва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар Қазоқистон Гинтаутас Васюлис баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Дар вохӯрӣ Абдураҳмон Абдураҳмонзода иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тавсеа ва рушди ҳамкорӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Литва таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкории муосир ва имконияти рушди ҳамкории минбаъда табодули назар намуданд. Зикр гардид, ки ҳоло ҳам иқтидори мавҷудаи ду кишвар дар самти тиҷорату иқтисодиёт ба таври зарурӣ истифода нашуда, имконияти ба маротиб афзоиш додани гардиши тиҷорати дуҷонибаи молу маҳсулот мавҷуд мебошад.

Инчунин ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҷойдоштаи низоми тиҷорат ва иқтисоди ҳарду кишвар, бахусус  зиёд кардани гардиши савдо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Литва, таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди ҳамкории дуҷониба дар самти тиҷорати электронӣ, иқтисоди рақамӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузориро муҳокима карданд.

Ҳамзамон ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкорӣ якчанд пешниҳодҳо, аз ҷумла фароҳам овардани шароити мусоид барои пайдо кардани бозорҳо ва харидорони нави маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди металлургия, корхонаҳои фармасевтӣ, мошинсозӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок пешкаш  гардиданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҳайати литвагӣ, пеш аз ҳама, барои истиқболи гарму самимона ва фароҳам овардани шароити мусоиди ҳамкорӣ изҳори миннатдорӣ намуда, омодагии худро барои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикршуда баён намуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Апрель 12, 2022 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид