Ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон ба Туркия ва Покистон сафар намуданд
ДУШАНБЕ, 26.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон бо барномаи ҳунарии хеш ба шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар намуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат.
Гурӯҳи ҳунармандон 10 апрел бо даъвати Созмони сайёҳии Ҷумҳурии Туркия ҷиҳати муаррифӣ намудани ҳунари Сирки тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва таҳким бахшидани робитаҳои фарҳангию дӯстии ҳунармандони тоҷику турк сафар намуда, барномаҳои ҳунарии хешро дар якчанд шаҳрҳои Туркия баргузор менамоянд.
Ба ҳайат ҳунармандон Сарвар Сафарзода, Мадина Назарова, Ҷомӣ Бозорзода ва Манучеҳр Шарифзода шомиланд. Интизор меравад, ки сафари ҳунармандон то 30 октябр идома ёбад.
Инчунин як гурӯҳи ҳунарии Сирки давлатӣ 25 апрел ба Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар намуд. Ҳайати ҳунармандон бо роҳбарии гурӯҳи дорбозон Обидҷон Иргашев ва ҳунармандон Фаррух Алиев, Нишона Нуралиева ва Ҳилола Раҷабова дар шаҳрҳои Покистон барномаҳои ҳунарии хешро баргузор менамоянд.
Сафари ҳунармандон ба Покистон то 20 октябр идома меёбад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид






