УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ- ЧЕҲРАИ ТОБНОКИ ТАМАДДУНИ ШАРҚ. Имрӯз ба зодрӯзи намои адабиёти миллати тоҷик 144 сол пур шуд

Апрель 15, 2022 10:25

ДУШАНБЕ, 15.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 15 апрел ба зодрӯзи  сардафтари  адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони  Тоҷикистон, адиби оламшумул Садриддин  Айнӣ 144 сол пур шуд.

Устод Айнӣ миллати тоҷикро сарҷамъ кард, ба ин миллат шукӯҳу шаҳомат дод, ҷойгоҳи онро миёни дигар миллатҳои бумии Осиёи Марказӣ ба таври шоиста муайян кард, ҷавониву умри бобаракати худро сарфи миллатсозиву давлатсозӣ барои тоҷикон намуд.

Садриддин Айнӣ аз чеҳраҳои тобноки олами сиёсат, адаб, маърифат ва фарҳанги на танҳо тоҷик, балки Осиёи Марказӣ маҳсуб мегардад. Устод Айнӣ шахсияти одӣ нест, балки ӯ намои адабиёту тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. 

Дар шаҳри Самарқанди Узбекистон хона-музейи Садриддин Айнӣ мавҷуд аст. Соли 2018 ба ифтихори 140-солагии зодрӯзи устод Айнӣ як гурӯҳ устодони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷиҳати шиносоӣ бо ҷойҳои таърихӣ ва макони зисти поягузори адабиёти навини тоҷик ба шаҳрҳои бостонии Самарқанду Бухоро сафар намуданд. Доктори илмҳои филологӣ, профессор, академики Академияи илмҳои байналхалқии мактабҳои олӣ Саидмуроди ХОҶАЗОД, ки ба ҳайати гурӯҳ шомил буд, таассуроташро аз боздиди хона-музейи Садриддин Айнӣ чунин баён дошт:— Дар шаҳри зебову ҳамешаҷавон, муҷалло ва гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик- Самарқанд аз хона-музейи устод дидан кардем. Тамошои хона-музейи поягузори адабиёти навини тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ моро ба сайри таърихии зиндагиномаи устод дар солҳои пурталотуми ибтидои қарни ХХ бурд. Хонаи устод дар ҷониби рости маҷмааи таърихии Регистон ҷойгир аст. Чун вориди он гардидем, бо дастури Президенти Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев таъмиру таҷдиди он босуръат идома дошт. Мо бо утоқи кори устод, мизу курсӣ, чойнику пиёла, сандалӣ ва ҷое, ки осори худро таълиф намудааст, шинос гардидем. Дар даҳлези хона аксҳои нодири устод, лаҳзаҳои зиндагӣ, кӯдакиву наврасӣ, айёми камолот, мулоқот бо нависандагони тоҷику Шӯравӣ ва хориҷӣ маҳфузанд.

Мутобиқи нақли роҳбалад се хонаи ҷониби чап манзили аслии устод ва хонаҳои ҷониби ростро ҳукумати Узбекистон бунёд намуда, ба ӯ тақдим намудааст. Дар утоқи охири ҷониби рост дар ҷевоне сару либос, пойафзол ва асои Садриддин Айнӣ ҳифз шудаанд. Дар ҳаётаи начандон васеи хона нимпайкараи устод гузошта шудааст.

Баъди тамошои хонаи устод Садриддин Айнӣ маро андешае ба сар меояд, ки ин на танҳо хонаи Айнӣ, балки маъвои умумии тоҷикони ҷаҳон аст. Андешаи кору пайкор барои ҳимоят аз ҳуқуқҳои маънавии тоҷикон, мубориза бобати собит намудани мавҷудияти миллати тоҷик, ҷадал баҳри ташкил намудани Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон аз ҳамин маъво бархостааст.

Устод Садриддин Айнӣ дар ҳамин хона осори гаронбаҳои худро таълиф карда, назму насри реалистӣ ва муосири адабиёти тоҷикро офарид, халқи одии заҳматкашро ба сифати қаҳрамони асарҳояш баргузид. Фурӯғи равшани ҳамин маъво ғояи ташкили давлати мустақили тоҷикон ва матбуоти тоҷикиро ба миён овард, ақлҳои солимро барои тоҷикгаройӣ ва амалӣ намудани ғояҳои неку аъмоли ватанпарварона мутамарказ кард. Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки хонаи мазкурро барои Айнӣ яке аз сармоядорони Бухоро- Абдулқодир Муҳиддинов харида, туҳфа кардааст. Абдулқодир Муҳиддинов писари тоҷири сарватманди Бухоро Муҳиддин Мансурзода мебошад, ки муддате дар назди Айнӣ сабақ омӯхтааст.

Тавре устоди зиндаёд Муҳаммадҷон Шакурӣ дар китоби «Фитнаи инқилоб дар Бухоро» ёдовар мешавад, «пас аз инқилоб барои ин ки Абдулқодир Муҳиддинов ба сӯйи тоҷикият ҳар чӣ бештар майл пайдо бикунад, талқинҳои устод Айнӣ аҳамияти вежа доштанд. Устод Айнӣ бисёр касонро аз туркгаройӣ ба сӯйи тоҷикгаройӣ овардааст. Аз ҷумла, Мунзим, Зеҳнӣ ва дигарон бо таблиғи Айнӣ аз рӯҳияи туркпарастӣ раҳоӣ ёфтанд. Яке аз онҳо Абдулқодир Муҳиддинов буд. Устод Айнӣ ба онҳо моҳияти муборизаи турку тоҷик ва пантуркизму тоҷикгаройиро равшан карда, оқибат муваффақ шуд, ки онҳо дар роҳи озодиву истиқлоли халқи тоҷик пархош оғоз намуданд. Мунзим, Зеҳнӣ, А.Муҳиддинов, ҳатто пантуркисти гузаро Абдуллоҳ Раҳимбоев барои аз таъсири пантуркизм раҳоӣ ёфтанашон аҳамияти тарғибу ташвиқи Айниро рӯирост эътироф карда, баъзеҳо, чунончи Мунзим ва А.Муҳиддинов тавбаномаҳо чоп карда буданд. Яке аз нахустин корҳое, ки А.Муҳиддинов ба унвони сарвазири Тоҷикистон кард, ин буд, ки ба устоди худаш Садриддини Айнӣ супориш дод, ки «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро тартиб бидиҳад, то мавҷудияти халқи тоҷик ва таърихи тӯлонии забону адабиёту фарҳанги ӯ исбот шавад. Бо чоп шудани ин китоб зарбае ба пантуркизм зада шуд». Шаҳодатномаи миллати тоҷик, яъне «Намунаи адабиёти тоҷик» дар ҳамин манзил таълиф шуд, ки саодати абадиро барои миллати мо ба армуғон овард.

Мулоқотҳои Айнӣ бо устодони олами адабу илм Мунзим, Зеҳнӣ, А.Муҳиддинов, Абулқосим Лоҳутӣ, Ғафур Ғулом, Зулфия, Шароф Рашидов, Мирзо Турсунзода, Муҳаммад Осимӣ ва ғайраҳо дар ҳамин манзил ба вуқӯъ пайваставу зимни онҳо масоили мубрами адабиёт мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Қимати бебаҳо ва арзиши таърихӣ доштани ин маъво дар он аст, ки ин ҷо поягузори адабиёти навини миллатҳои Осиёи Марказӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ зиндагонӣ кардааст. Аз ин рӯ, ин хонаро метавон маъвои бахту саодати миллати тоҷик номид ва он барои ҳар тоҷики худогоҳ ва ватандӯст азизу муқаддас мебошад.

Имрӯз ин манзили умед ба зиёратгоҳи аҳли дил бадал шудааст ва таъмиру таҷдид ва рӯшан намудани чароғи он барои шод намудани рӯҳи устод туҳфаи муносиб ва дастоварди ҷолиб аст.

Устод Садриддин Айнӣ аз чеҳраҳои тобноки олами сиёсат, адаб, маърифат ва фарҳанги на танҳо тоҷик, балки Осиёи Марказӣ маҳсуб мегардад. Устод Айнӣ шахсияти одӣ нест, ӯ намои адабиёту тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Ба андешаи инҷониб, чанд фазилатҳои вижае мавҷуданд, ки ба шахсияти ин бузургмард пайванди ногусастанӣ ва мустаҳкам доранд.

Аввалан, Садриддин Айнӣ чун чеҳраи сиёсӣ эҳёгари забон, таърих ва тамаддуни миллати тоҷик дар солҳои 20-ум ва 30-юми қарни ХХ буд. Ӯ барои ташаккули миллати тоҷик, ташкили давлати тоҷикон ба муборизаи ҷоннисорона қотеъона бархост ва ҳамроҳи ҷонибдоронаш ба он муваффақ гардид, ки дар Осиёи Марказӣ миллате бо унвони тоҷик буруз намояд ва ҷумҳурие бо номи Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо гардад.

Дуюм, Айнӣ чун чеҳраи адабиву фарҳангӣ ба назм ва насри реалистии тоҷик ибтидо гузошт. Асарҳои «Ҷаллодони Бухоро», «Одина», «Мактаби кӯҳна», «Ёддоштҳо» далолат бар онанд. Қимати адабиву таърихии онҳо дар он зоҳир мешавад, ки ба воқеияти рӯзгори ҷомеа асос ёфтаанд. Чунин асарҳо умри безавол доранд.

Сеюм, устод қолаби насру назми анъанавиро шикаст. Мардуми одии меҳнаткаш, коргару деҳқонро ба сифати образҳои асосии осораш баргузид. Дар тасвирсозиву тасвирпардозӣ дасти боло ва ҳунари воло дошт. Характери қаҳрамонҳо, конфликти персонажҳо, воқеияти тасвирнамудаи осори устод реша ба умқи ҷомеа дорад, онҳо табиианд, мӯйшикофона тасвир шудаанд.

Масалан, образи Қорӣ-ишкамба тимсоли ашхоси судхӯри ҷомеа аст, ки чунин образ фазову вақт надорад, дар ҷомеаи имрӯзаи мо низ даҳҳо нафар қориишкамбаҳо бо роҳҳои мудерн мардумро истисмор менамоянд, бехонумон мегардонанд, ба ин хотир, чунин образҳоро дар ҳама фазову вақт хонанда самимона мепазирад.

Назми устод бо балоғати бемисли худ ҷуръат, муроҷиат ба қишри мунавварфикри ҷомеа ва ҷадал барои озодиву бунёди ҷомеаи мутамаддин дорад, масалан:

 

Эй ҷафодидагон, эй асирон,
Вақти озодии мо расид.
Муждагонӣ диҳед, эй рафиқон,
Дар ҷаҳон субҳи шодӣ дамид.

Чорум, Айнӣ тавассути офаридаҳояш ба ибрози афкори миллӣ, ки дар ҷомеаи сотсиалистӣ ғайриимкон буд, ибтидо гузошт. Шинохти асли худ, арҷгузорӣ ба осори ниёгон, нишон додани қаҳрамониҳои абармардони миллати тоҷик барои ҳифзи сарзамини аҷдодӣ аз истилогарон, масалан дар симои Темурмалик ба ин мисол шуда метавонад.

Панҷум, осори Айнӣ имиҷ ё чеҳраи сиёсии миллати тоҷикро ба хориҷиён муаррифӣ кард. Ҳангоми мутолиаи асарҳои устод, ки ба беш аз 50 забони хориҷӣ тарҷума шудаанд, дорои тамаддуни бостонӣ, соҳибдавлату соҳибмактабу соҳибкитобу соҳибмакон будани миллати тоҷик барои хориҷиён бармало мегардад.

Шашум, Айнӣ миллати моро сарҷамъ кард, ба ин миллат шукӯҳу шаҳомат дод, ҷойгоҳи онро дар байни дигар миллатҳои бумии Осиёи Марказӣ ба таври шоиста муайян кард, ҷавониву умри бобаракати худро сарфи миллатсозиву давлатсозӣ барои тоҷикон намуд, тавре худи ӯ мегӯяд:

Ин хона зи хишти кӯҳна андохтаам,
Бар вай ҷашне зи рафтагон сохтаам.
То аҳли замони мо бидонанд, ки ман,
Як умри ҷавонӣ ба чӣ раҳ бохтаам.

 Аз ин рӯ, месазад ки барои поягузори адабиёти навини миллатҳои Осиёи Марказӣ, бавижа тоҷик, абармарди ҷодаи сиёсат, сарсупурдаи миллат, ҷӯяндаи роҳи озодӣ, тарғибгари адолат, устоди мунавварфикр, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ пайваста арҷ гузорем, осори гаронмояи ӯро бо дидгоҳи нав мавриди пажӯҳиш қарор диҳем, нақши мондагори мавсуф ва ҳунари адабии ӯро ба риштаи тадқиқ кашем, меросашро бо забонҳои гуногуни дунё тарҷума, осори савтии ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо забонҳои хориҷӣ тарғибу ташвиқ кунем ва барои офаридани имиҷи навини ин абармард дар замони муосир садоқатмандона ва дастҷамъона ҷадал варзем.

Устод Айнӣ бо тамоми маънояш бузург аст, бузургонро ба некӣ ёд меоранд, онҳо намирандаанд…

АКСҲО аз муаллиф ва манбаъҳои боз

Апрель 15, 2022 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид