«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Имрӯз дар Душанбе даври шаҳрии ин озмун оғоз гардид

Апрель 8, 2022 11:49

ДУШАНБЕ, 08.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳои назди Сараёсати маорифи шаҳри Душанбе»  даври шаҳрии озмуни «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» оғоз гардид. Озмуни мазкур бори аввал бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ доир шуда, дар  он 55 нафар ғолибони даври ноҳиявӣ байни ҳам рақобат менамоянд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар маросими ифтитоҳи расмии озмун сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода иброз дошт, ки озмуни мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вобаста ба забондон гардидани насли наврасу ҷавон роҳандозӣ гардида, бо мақсади ҳавасмандгардонии хонандагон ба забономӯзӣ, сайқал додани заковат, малакаи забондонӣ, инкишофи зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии хонандагон, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегардад.

Гуфта шуд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ муҳим буда, баргузории чунин озмунҳои маърифатӣ ба рушди тафаккури зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии ҷавонон мусоидат менамояд.


Таъкид гардид, ки омӯхтани забонҳои хориҷӣ дар замони муосир хеле муҳим буда, барои дастрас ва азхудкунии маълумоти зарурӣ оид ба самтҳои мухталиф, аз ҷумла илму фарҳанг, тартиби самаранок истифодабарии техникаву таҷҳизотҳои навин мусоидат менамояд.

Тазаккур дода шуд, ки озмун бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» роҳандозӣ гардидааст.

Бояд гуфт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки «таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ бояд дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад. Зеро Тоҷикистон ҳоло бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад».

Тавре гуфта шуд, озмун вобаста ба амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020   оид ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» миёни хонандагони синфҳои 5-8 ва 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва литсею гимназияҳо вобаста ба фанҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ ва забони англисӣ гузаронида шуда, ғолибони даври ноҳиявии озмун имрӯз дар даври шаҳри маҳорат  месанҷанд.

Тибқи низомнома, озмун дар ду бахш — (назариявӣ ва амалӣ) аз рӯйи шартҳои зерин гузаронида мешавад: «Маҳорати суханварӣ» (бо се забон), «Эссе» (бо се забон), «Қироати шеър» (бо се забон), «Имло» (имлои дурусти калима дар матн) ва «Тарҷума» (пешниҳоди матни бадеии забони тоҷикӣ ба забонҳои русиву англисӣ).

Озмун дар се давра аз моҳи январ то моҳи апрел гузаронида шуда, дар ҳар давр вобаста ба ҳар номина то 3 ғолиб (ҷои якум –1 нафар, маблағи 15 000 сомонӣ, ҷойи дуюм –1 нафар, 10 000 сомонӣ ва ҷойи сеюм –1 нафар, 5000 сомонӣ) муайян карда шудааст.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Апрель 8, 2022 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз — 2025 дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардид
Дар Душанбе Муассисаи давлатии «Лоиҳакашии роҳҳои автомобилгард» таъсис дода мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 6 муассисаи таҳсилоти миёна ва 9 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
Дар Душанбе Муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳои соҳаи санъат» таъсис дода мешавад
Рустами Эмомалӣ аз Палатаи ҳисоб дархост намуданд, ки кори мақомоти шаҳри Душанберо санҷад
Озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» ҷамъбаст гардид
«Behran Lift» барои таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли лифту эскалатор дар Душанбе изҳори ҳавасмандӣ намуд
Озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» оғоз ёфт
ДУШАНБЕ ДАР GOOGLEMAP, YANDEXMAP ВА OSM. 1500 акси ҷолиби пойтахти Тоҷикистон дар ин харитаҳои рақамии бонуфузи ҷаҳонӣ ҷой карда шуд
Тақвими ягонаи чорабиниҳои Наврӯз — 2025 дар шаҳри Душанбе таҳия гардид
Тадбирҳои андешидаи роҳбарияти шаҳри Душанбе дар рушди сайёҳӣ ва муаррифии имконоти соҳа нақши назаррас гузоштанд
Иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид