15 МАЙ-ДАВИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Душанбе мусобиқаи варзишӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 12.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба таваҷҷуҳи ҳаводорон, дӯстдорон ва мухлисони Дави миллӣ расонида мешавад, ки 15 майи соли 2022, соати 08:00 дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дави миллӣ баргузор мешавад.
Тавре корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Маҳмадализода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод, мусобиқаи Дави миллӣ тавассути кӯчаҳои Карамов-хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе сурат мегирад. Ба ин муносибат аз тамоми кормандони вазорату идораҳо, муассисаҳои олӣ ва таҳсилоти миёнаи касбии пойтахт даъват карда мешавад, ки дар ин мусобиқаи сатҳи баланди варзишӣ иштироки фаъолона намоянд.
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва дигар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар тамоми ҷумҳурӣ баргузор мегарданд.
Олимон аз Донишгоҳи Сукубаи Ҷопон иброз доштаанд, ки давидан ба муддати 10 дақиқа кори майнаи сарро ба таври назаррас беҳтар ва инсонро болидахотир мекунад.
Қаблан директори Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯйи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадулло Қосимов ба АМИТ «Ховар» гуфта буд, ки манфиати дави субҳгоҳӣ нисбат ба дигар намуди машқҳо ва парҳезҳо барои тамоми бадан, пурқувватии масуният ва лоғаршавии организм афзалтар аст. Ӯ чунин мешуморад, ки давидан қуввати баданро боло мебардорад, ки ин гувоҳи солимӣ ва тарзи ҳаёти солим бурдан аст.
Ба гуфтаи мавсуф, «дави саҳаргоҳӣ натиҷаи дарозмуддат медиҳад. Талаботи асосии он пайваста машғул шудан ба он аст».
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»









Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






