«ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚӮЪ». Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб навбатдории шабонарӯзӣ ташкил гардид

Май 4, 2022 13:10

ДУШАНБЕ, 04.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Чандин сол аст, ки маҳз дар ҳамин шабу рӯзи моҳи май бо омадани сел ба аҳолии мамлакат ва махсусан шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ, Темурмалиик ва дигар ноҳияҳои кӯҳистон зарари ҷонию молӣ расонида мешавад. Бинобар ин дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо таъсиси ситод то 10 май навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда мешавад. Ин матлабро муовини раиси вилояти Хатлон Амирхон Қурбонзода 3 май зимни баргузории ҷаласаи ситоди минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоб баён дошт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоот ва таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Ҷаласаи мазкур дар асоси Барқияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист оид ба эҳтимоли омадани сел ва бориши шадид дар ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Амирхон Қурбонзода иброз намуд, ки «тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист, 3-5 май бориши борони шадид ва омадани сел дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар назар дошта шудааст. Аз ин рӯ, ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд доимо дар ҳолати омодабош қарор дошта, барои пешгирии ин ҳодисаҳо тамоми қувваро ба кор барад».

Инчунин зимни ҷаласа аз роҳбарони ташкилоту муассисаҳои минтақавӣ оид ба масъалаҳои экологӣ, хоҷагиҳои назди соҳилҳо, суғуртаи молу мулки шаҳрвандон ва корхонаю хоҷагиҳо, омодабошии техникаву таҷҳизоти зарурӣ, захираи сӯзишворӣ дар муассисаҳои роҳсозӣ, нақлиёт ва Кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб пурсиш ба амал оварда, онҳоро ба иҷрои саривақтии корҳои анҷомнаёфта муваззаф намуд.

Роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоят вазифадор гардиданд, ки обраву ҷӯйборҳои назди идораву муассисаҳояшонро тоза карда, навбатдории шабонарӯзӣ ташкил намоянд ва назорат дар ин самт пурзӯр карда шавад. Оид ба корҳои анҷомдода ба ситод маълумот пешниҳод намоянд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа таъкид гардид, ки корҳои оммафаҳмонӣ ҷиҳати дар рӯзҳои боронӣ ба ҷойҳои бехавф бурдани чорво, ба мавзеъҳои хатарнок сафар накардани аҳолӣ ё сайёҳон пурзӯр карда шаванд.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 3 то 6 май дар қаламрави мамлакат ҳавои номусоид боқӣ мемонад. Бориши боронҳои шадид, раъду барқ, жола ва шамоли сахт дар назар дода шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон шамоли сахт мевазад. Инчунин боронҳои шадид дар роҳҳои кӯҳӣ хатари бештар доранд, чун метавонад аз кӯҳҳо санг резад, роҳҳоро муддате бандад, тарма лағжад ва боиси баъзе хатарҳо шавад.

Боронҳои шадид метавонанд сабабгори кӯчиши замин шаванд, бахусус дар минтақаҳои осебпазир одамонро зарур аст дар чунин рӯзҳо ҳушёру омодаи муқовимат ба ҳар гуна ҳодисаҳо, бахусус омадани сел бошанд.

Болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо низ эҳтимол дорад. Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили дарёҳо ва дигар махзанҳои об худдорӣ намоянд. Сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ва масирҳои сайёҳӣ низ маслиҳат нест.

АКС: шуъбаи иттилоот ва таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Май 4, 2022 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд