Абдураҳим Холиқзода: «Нафароне, ки ҳодисаҳои ВМКБ-ро тобиши динӣ додан мехоҳанд, нисбат ба дину мазҳаб хизмати хирсона мекунанд»
ДУШАНБЕ, 25.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳодисаҳое, ки дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба амал омаданд, ягон иртибот ба пайравии мардум ба мазҳаб, дин ё оине надорад. Ва иддае аз нафароне, ки онро тобиши динӣ додан мехоҳанд, бояд бидонанд, ки нисбат ба дин, мазҳаб ва миллати худ хизмати хирсона карда, обурӯ ва мақому манзалати имону эътиқоди инсониро назди мардум ва ҷомеаҳо коста мегардонанд». Ин нуктаро имрӯз Директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим ХОЛИҚЗОДА ба АМИТ «Ховар» баён дошт.
Бояд зикр намуд, ки чандест дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аллахусус Facebook бархе аз корбарон ҳодисаҳоеро, ки рӯзҳои гузашта дар ВМКБ ба амал омаданд, ба масъалаҳои динӣ ва мазҳабӣ рабт медиҳанд. Иддае аз корбарон ҳатто имоми исмоилиёни ҷаҳон Оғохони IV -ро дар ин даргириҳо гунаҳкор дониста, ӯро ба тафриқаандозӣ миёни суннимазҳабон ва шиамазҳабон гунаҳкор медонанд. Ин гуна қазоват ва баҳсҳои корбарон дар ҳолест, ки 18 майи соли равон Оғохони IV зимни муроҷиати худ ба мардуми Бадахшон аз дубора сар задании даргириҳо дар Бадахшони кӯҳӣ изҳори нигаронӣ карда, ҷаомати исмоилиёнро бар он ҳидоят намуд, то дар доираи қонунҳои кишвар зиндагӣ намоянд.
«… Ниҳоят муҳим аст, ки фарзандони рӯҳониям ҳамеша суннати ҷамоатамон, яъне дар баробари ҳамаи ҳамватанони дигар дар сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ карданро ҳифз намоянд… бахусус, ҷавонон аз талаботи бунёдии ҳифзи сулҳу субот ва арҷгузорӣ ба қонун набояд дур шаванд ва дар рушди кишварашон саҳми фаъолона гузоранд»,-баён доштааст ӯ.
Директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки «ҳеҷ вақт ва дар ҳеҷ сурат на ходимони динӣ ва на мардуми оддӣ, ки эътиқоду имони комил доранд, боястӣ ба он роҳ надиҳанд, ки олудаҳои ғайриахлоқиро нафаре ба дин ва эътиқод, ки яке аз падида ва арзишҳои олии инсонӣ мебошад, омехта кунад».
Бино ба суханони ӯ, тоҷикон аз қадим қисмате ҳанафимазҳаб ва қисмати дигар исмоилиён буданд, онҳо ҳамчун фарзандони як миллат, як дин садсолаҳо паҳлӯи ҳам бо ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳру муҳаббат зиндагӣ кардаанд.
«Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ барои ҳамаи равияю мазҳабҳо дар доираи талаботи Конститутсия ва қонунҳо озодиҳои эътиқодӣ додааст. Ва бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ҷамоаҳои исмоилия расман фаъолият мекунанд, халифаҳо кор мекунанд, ки онҳо шахсони донишманд ҳастанд ва хуб мефаҳманд, ки таъиноти иҷтимоии дин ҳам пеш аз ҳама ҳидоят кардан ба роҳи дуруст ва риояи қонуну қонуният, ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулгароӣ мебошад. Аз ин хотир давлат ва иттиҳодияҳои динӣ дар ин масъала мушкилӣ надоранд. Ман аз шаҳрвандони кишвар ва онҳое, ки ба ҳодисаҳои охир мехоҳанд либоси динӣ пӯшонанд, эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки аз ин кор худдорӣ кунанд, зеро ин амал чӣ аз нуқтаи назари қонунгузорӣ ва чӣ аз нуқтаи назари эътиқоди шахсӣ ва виҷдони инсони солеҳ на танҳо дуруст нест, балки оқибати хуб надорад»,- изҳор дошт профессор А. Холиқзода.
Бояд гуфт, ки Конститутсия Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дунявӣ эълон кардааст. Мутобиқ ба талаботи моддаи 26 Конститутсия кишвар «ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад». Бинобар ин, ба андешаи А.Холиқзода, Конститутсия имрӯз шароити муайяни озодии эътиқоду имонро ба ҳама мазҳабҳо дар Тоҷикистон фароҳам овардааст.
«Мо, ки пеш аз ҳама ба Ислом ҳамчун арзиши маънавӣ, арзиши иҷтимоӣ ва эътиқодӣ сару кор дорем, аз таҳлилгарон эҳтиромона хоҳиш мекардем, ҳодисаҳоеро, ки дар бораашон гап меравад, ба ҷараёну равияҳои динӣ васл нанамоянд, — мегӯяд доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Абдураҳим Холиқзода. — Олудасозии эътиқод ва боварии ботинӣ бо рафторҳои ношоиста дар ҳама ҳолат нодуруст аст, Конститутсия инро манъ намудааст, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ин амалро манъ кардаанд. Гузашта аз он, вақте ҳар шахсе, ки берун аз қонун по мемонад, қатъи назар аз он, ки вай ба ҳаракати худаш тобиши динӣ ва ё ғайридинӣ медиҳад, дар назди қонун бояд ҷавоб диҳад. Шахс барои ҷиноят ва рафтори зиддиқонуниаш ҳамчун гунаҳгор ҷавоб медиҳад, на ҳамчун пайрави мазҳаб ва ё оини муайян. Аз ин хотир Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ва барҳақ гуфтаанд: «Ҷинояткор дину мазҳаб надорад».
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, мардуми худшинос ба ин масъалаҳои нозук ҳушёрона диққати ҷиддӣ дода, намегузорад, ки душманонаш миёни онҳо фитна афкананд.
«Дар масъалаи муносибати байни мазҳабҳо, аз ҷумла мазҳаби исмоилия ва ҳанафия ҳаминро бояд таъкид сохт, ки байни онҳо мухолифате нест. Пайравони ин ду мазҳаб чун ду шохаи ақлгарои дини мубини ислом, ҳамчун бародарони аслӣ якдигарро таърихан хуб дарк мекунанд, эътироф менамоянд ва дар дӯстӣ бо ҳам зиндагӣ ба сар мебаранд. Дар ин паҳно ягон мушкилӣ нест ва набояд ҳам дошта бошем. Илова бар ҳамаи ин ҷавҳари муттаҳидӣ ва саодати якҷояи мо Ватани мо, Истиқлолияти мо ва миллати воҳиди мо — тоҷикияти мост», — зикр намуд дар охири суҳбат Директори Маркази исломшиносӣ.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»/манбаҳои боз








Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед






