Ҳайати фарҳангию кории Санкт-Петербург аз як зумра муассисаҳои шаҳри Душанбе дидан намуданд
ДУШАНБЕ, 25.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамоиши фарҳангию кории Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе, ки то 26 майи соли равон идома меёбад, ноиби Губернатори шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Олег Эргашев ва ҳайати ҳамроҳонаш ба назди Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон омада, ба зери пояи муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон — шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд ва ба арзишҳои волои миллати бостонию тамаддунофари тоҷик арзи эҳтиром ба ҷо оварданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар маросими гулгузорӣ ҳайати меҳмононро муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода ҳамроҳӣ намуд.
Сипас ҳайати меҳмонон ба Боғи Ғалаба омада, дар маросими тантанавӣ дар назди Маҷмааи ёдгории Оташи абадӣ гулгузорӣ намуданд. Дар маросими гулгузорӣ намояндагони шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русияро масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамроҳӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки яке аз бандҳои асосии нақшаи чорабиниҳо «Харитаи роҳ» оид ба татбиқи Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати шаҳри Санкт-Петерубрги Федератсияи Русия барои солҳои 2022-2026 ин ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ мебошад.
Дар доираи сафар ҳайати мазкур аз Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дидан намуда, Ноиби губернатори шаҳри Санкт-Петербург Олег Эргашев бо пизишкони тоҷик суҳбат карда, бо фаъолияти шуъбаи ангиография шинос шуд. Ҳамзамон оид ба усулҳои табобати бемориҳои гуногун, аз ҷумла стенмонии рагҳои хунгард мубодилаи афкор намуд. Онҳо инчунин зимни суҳбат ба табобати бемории мағзи сар таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Ҷонибҳо таҷрибаи худро оид ба хизматрасониҳои тиббӣ дар бахшу соҳаҳои гуногун ба миён гузоштанд. Баъди шиносоӣ бо фаъолияти Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ба дастгоҳу таҷҳизоти утоқи ҷарроҳии ин Маҷмаа меҳмонон баҳои баланд дода, афзуданд, ки дар инҷо имкони табодули таҷриба миёни табибони шаҳри Душанбе ва Санкт-Петербург вуҷуд дорад.
Ҳамчунин меҳмонон аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и шаҳри Душанбе дидан намуданд. Мавриди зикр аст, ки дар ин муассисаи таълимии пойтахт синфҳои таълимашон бо забони русӣ фаъолият менамояд. Аз ин рӯ аз ҷониби меҳмонон ба мактаби мазкур адабиёти таълимӣ ба забони русӣ туҳфа гардид.
Хонандагони МТМУ №28-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои меҳмонон барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд. Онҳо суруду тарона, рақс, инчунин композитсияҳои гуногуни мусиқиро намоиш доданд.
Дар чорабинӣ директори мактаби № 358-и шаҳри Санкт-Петербург дар бораи таърихи шаҳри Санкт-Петербург, инчунин дар бораи дастовардҳои хонандагони ин муассисаи таълимӣ маълумот дод.
Дар фарҷоми чорабинӣ маросими ба имзо расидани «Харитаи роҳ» оид ба ҳамкории дуҷониба миёни МТМУ № 28-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва мактаби рақами 358-и ноҳияи Маскави шаҳри Санкт-Петербург сурат гирифт.
Гуфта мешавад, ки ташкили чунин ҳамоишҳои фарҳангию корӣ барои тақвияти ҳамкории дуҷониба заминаи мусоидро фароҳам меорад.
Шоми дирӯз бошад, дар Театри далатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барномаи консертии ансамбли овозадори Марошкаи шаҳри Санкт-Петербург барои меҳмонон ва сокинони пойтахт баргузор гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»

















АЗ НАВОВАРӢ ТО РУШДИ УСТУВОР. Мавқеи Душанбе ҳамчун маркази сайёҳӣ дар минтақа тақвият меёбад
Рустами Эмомалӣ бо мақсади бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ бо бостоншиносону таърихнигорон вохӯрӣ намуданд
Имрӯз иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир гардид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд
Бо иштироки 2500 нафар кӯдакон дар Душанбе барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз гардид
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
«QR-РОҲНАМО». Шаҳри Душанбе ба марҳилаи нави сайёҳии рақамӣ қадам мегузорад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки 20 ҳазор нафар ҳамоиши идона доир шуд
Рустами Эмомалӣ бо Сафири Чин дар Тоҷикистон Го Ҷитзюн мулоқот намуданд
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид






