Алишер Ҷалилов ҷароҳат бардошт ва дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 иштирок намекунад

Май 25, 2022 09:39

ДУШАНБЕ, 25.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нимҳимоятгари дастаи миллии Тоҷикистон Алишер Ҷалилов дар бошгоҳи АГМК-и Узбекистон ҷароҳат бардошта, дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 8 то 14 июн дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон  баргузор мешавад, ширкат варзида наметавонад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

23 май дар бозии сафарии Суперлигаи Узбекистон-2022 бо дастаи «Динамо»-и Самарқанд (2:1) Алишер Ҷалилов осеби ҷисмонӣ дид.

Ба ақидаи табиби дастаи мунтахаби Тоҷикистон Фаррух Авезов, муҳлати  барқароршавии вазъи саломатии бозигар якуним моҳро ташкил медиҳад.

Акс: ФФТ

Май 25, 2022 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад