ҚАСАМ БА НОМАТ, ЭЙ ВАТАН! Дар қисмҳои низомӣ 300 нафар наваскарон Савганди ҳарбӣ ёд карданд
ДУШАНБЕ, 17.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ду қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии қариб 300 нафар наваскарон дар назди афсарони Ватан, падару модарон ва дигар наздикону пайвандон доир гардид. Дар ин бора зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» корманди маркази матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар Боқӣ Шарифзода иттилоъ дод.
Дар ҷамъомад наваскарон бо амр барои қабул намудани Савганди ҳарбӣ бо қадамҳои устувор дар ҷойҳои муайяншудаи маркази майдон саф оростанд, то бо даъвати командирони бевоситаи ҷузъу томи хеш ба назди онҳо ҳозир гардида, бо ба даст гирифтани матни пурмӯҳтавои савганднома сатрҳои онро ба забон оранд ва бо садоқату самимият ва неруи диловаронаву шуҷоати ҷавонмардона баҳри пос доштани хоки поки Ватан ва дифоъ аз марзи муқаддасу мардуми шарафманди он савганд ёд намоянд.
Ба ҳамин тартиб дар маросим қариб 300 нафар наваскарони даъвати баҳорӣ дар назди афсарони Ватан, падару модарон ва дигар наздикону пайвандони хеш бо тантанаву лафзи ҷавонмардона Савганди ҳарбӣ қабул намуданд. Онҳо қавл доданд, ки дар ин роҳи пуршараф, яъне хизмат дар сафи Артиши миллӣ неру ва ҳаёти худро дареғ надошта, то нафаси охирин ба халқу Ватан содиқ мемонанд.
Зикр гардид, ки давоми беш аз як моҳи хизмати наваскарии худ дар қисмҳои низомӣ сарбозон меъёрҳои ойинномавӣ ва дигар уҳдадориҳои ҳарбиро аз худ намуда, барои ёд намудани Савганди ҳарбӣ омода шуданд.
Дар ҷараёни чорабиниҳо ҳамзамон як гурӯҳ сарбозони қисмҳои ҳарбӣ бо ташкили машқҳои тан ба тан, ки баёнгари ҷасуриву далерӣ ва омодагии доимии онҳо баҳри ҳимояи марзу буми Ватан аст, хотири иштирокчиёнро шод намуданд.
Ҷамъомадҳои тантанавии қабули Савганди ҳарбӣ аз ҷониби наваскарони даъвати баҳории соли равон дар қисмҳои низомии Вазорати мудофиа бо гузашти низомии ҳайати шахсӣ ва таҳти навои оҳангу таронаҳои аҳли ҳунар ба поён расиданд.
АКС: Вазорати мудофиаи ҶТ








Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд






