БА ПЕШВОЗИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соҳибкорони Норак корхонаи истеҳсоли қуму шағал ва микросемент месозанд
НОРАК, 21.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар шаҳри Норак як корхонаи истеҳсоли қуму шағал аз тарафи соҳибкор Назаров Абдукарим ва ду иншооти дигар дар самти сайёҳӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки дар онҳо 18 нафар шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар ин бора мутахассиси пешбари бахши меъмории шаҳри Норак Насриддин Шамсиддинов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ дод.
Соҳибкорону сокинони шаҳри Норак дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тасмим гирифтаанд, ки то ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 180 иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву ҷамъиятиро бунёд намоянд. Аз ҷумла, 8 адад биноҳои маъмурӣ, 8 адад иншооти таълимӣ, 6 адад иншооти соҳаи тандурустӣ, 5 адад иншооти соҳаи варзиш, 2 адад соҳаи фарҳанг ва боқимонда иншоот дар соҳаҳои маишӣ, саноат, истиқоматӣ, кишоварзӣ ва савдову сайёҳӣ бунёд мегарданд.
Тибқи иттилои масъулини бахши меъморӣ, дар шаҳри Норак то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ корхонаи истеҳсоли қуму шағал, корхонаи истеҳсоли хишти пухта, корхонаи истеҳсоли микросемент, корхонаи истеҳсоли сангҳои ороишӣ ва гипсокартон, коргоҳи истеҳсолии шарбати анору басту банди он, коргоҳи дӯзандагӣ ва васли марҳилаи сеюми коргоҳи истеҳсоли таҷҳизоти металлӣ дар корхонаи гидромехсаноати ҶСК «Тоҷикгидромантаж» дар шаҳри Норак сохта, ба истифода дода мешаванд.
Баробари бунёди ин корхонаҳои саноатӣ садҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак










Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






