БА ПЕШВОЗИ РӮЗИ ҶАВОНОН. Дар Душанбе ярмаркаи соҳавии ҷойҳои корӣ гузаронида шуд

Май 14, 2022 09:24

ДУШАНБЕ, 14.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Душанбе ярмаркаи соҳавии ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид, ки дар он беш аз 50 муассиса ва ташкилоти шаҳри Душанбе иштирок намуда, ба корҷӯён 4900 ҷойҳои кории холӣ пешниҳод намуданд.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» мудири бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилошуб  Розиқзода хабар дод.

Ярмаркаи мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Биржаи меҳнатии ҷавонон», Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар ярмаркаи ҷойҳои корӣ беш аз 5000 нафар иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки мунтазам баргузор кардани чунин ярмаркаҳо дар нақшаи солонаи кории Корхонаи воҳиди давлатии «Биржаи меҳнатии ҷавонон» дарҷ гардидааст, ки ба ин васила ниёзи ҷавононро ба шуғл ва бозомӯзӣ таъмин кардан имкон дорад.

Ҳоло дар тамоми шаҳру ноҳияҳо бо ташаббуси сохторҳои маҳаллии Кумита дар ҳамкорӣ бо сохторҳои маҳаллии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ярмаркаи соҳавии ҷойҳои кории холӣ баргузор шуда, корҷӯён аз ҷониби ташкилоту идораҳо барои бо ҷойи кори муносиб таъмин шудан ва бозомӯзӣ номнавис карда мешаванд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 14, 2022 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид