БА ПЕШВОЗИ РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Доир ба инъикоси ин мусиқии суннатӣ дар нашрҳои чопӣ ҳамоиш баргузор гардид

Май 11, 2022 09:20

ДУШАНБЕ, 11.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 май дар Муассисаи нашриявии «Ирфон» бахшида ба Рӯзи шашмақом бо иштироки роҳбарият ва ҳайати васеи кормандон таҳти унвони «Инъикоси шашмақом дар нашрҳои чопӣ» суҳбати «мизи мудаввар» баргузор ва зимни он паҳлӯҳои гуногуни ин санъати волои суннатии мардуми тоҷик баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи китобҳои тиб ва техникаи муассисаи мазкур Ҷиёнхони Бедилхон иттилоъ дод.

Шашмақом мусиқиест аз олами илму ирфон, ки дар он ишқи пок, фалсафаи зиндагӣ, маърифати ом ва арзишҳои ботинии инсону зебоии табиат таҷассум ёфтаанд. Ҳамасола 12 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи шашмақом таҷлил карда мешавад.

Дар марҳилаи аввали ҳамоиш роҳбарияти муассиса оид ба китобҳои шашмақом хулосаи библиографӣ пешниҳод намуданд.

Дар ҳамоиш оид ба санъати мусиқии шашмақом, дирӯз ва имрӯзи он суҳбатҳо доир гардида, зимнан аз ҷониби иштирокчиён маърӯзаҳо пешниҳод шуданд. Ҳангоми шарҳи маърӯзаҳо маълум гардид, ки дар асрҳои миёна маҷмӯи мусиқии класикии тоҷик ба унвони дувоздаҳмақом маъмул буда, шашмақом идомаи таърихии бадеии ҳамин анъанаи ҳунарӣ ба ҳисоб меравад. Санъати мусиқии ҳирфаӣ, ки мақомхонӣ аз ҷумлаи онҳост, ҳанӯз дар давраи ҳукмронии Сосониён дар асрҳои 3-7-и мелодӣ хеле рушд ёфта буд.

Дар қисмати охири ҳамоиш тамоми мавзӯъҳои пешниҳодшуда аз ҷониби иштирокчиён тафсир ёфта, барои рушду такомули ин санъати воқеан беназири миллати куҳанбунёди тоҷик якчанд пешниҳодҳо ироа шуданд. Аз ҷумла:

-дар барномаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои омӯзиши санъати шашмақом соатҳои дарсӣ муқаррар кардан;

-дар фазои интернетӣ доир ба санъати шашмақом саҳифаҳои махсус кушодан;

-вобаста ба ҳаёт ва фаъолияти сарояндагони шашмақом китобҳо таҳия ва чоп кардан;

-тарғиби шашмақомхонони наврасро тавассути ВАО ба роҳ мондан;

-баргузории озмуни байналмилалӣ вобаста ба санъати волои шашмақом.

Ёдовар мешавем, ки 12 майи соли 2000 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастаи мақомхонони назди Кумитаи телевизион ва радиои тоҷик мақоми давлатӣ ва номи устоди забардасти шашмақом Фазлиддин Шаҳобов дода шуд. Аз соли 2002 сар карда, ҳамасола дар саросари мамлакат Рӯзи шашмақом таҷлил мегардад.

Шашмақом чун ҷузви асосии мероси фарҳангии мусиқии халқи тоҷик дар қатори жанрҳои анъанавии роғ, фалак, даргилик дар фарҳанги мусиқии имрӯзаи Тоҷикистон мавқеи баланд дошта, ҳамчун мусиқии суннатии ниёгони мардуми тоҷик ишқу ирфон, ормонҳо ва умеди миллатро дар созу сурудаҳо таҷассум менамояд.

АКС: Муассисаи нашриявии «Ирфон»/бойгонӣ

Май 11, 2022 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«Tajikistan Fashion Week» тарроҳони шинохтаи ватанию хориҷиро дар Душанбе ҷамъ овард
«РАҚС МОРО МУТТАҲИД МЕНАМОЯД». Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалӣ оғоз мепазирад
«МАН» ДАР БОРАИ ҲОШИМ ГАДОЕВ. Ҳунарпешаи барҷастаи тоҷик имрӯз 85-сола шуд
Ансамбли фолклорию этнографии «Бибиҳо»-и Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии «Баҳори Бойсун» сазовори ҷойи дуюм гардид
МУАЛЛИФИ «МАН КАЛОН МЕШАВАМ» 110-СОЛА ШУД. Ин шеъри Устод Мирсаид Миршакар чандин насли фарзандони тоҷикро дар рӯҳияи баланди муҳаббат ба Ватан ва меҳанпарастӣ тарбият намудааст
«ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллӣ 18 барномаи фарҳангӣ доир мешавад
«РАҚС МОРО МУТТАҲИД МЕНАМОЯД». Таҳти чунин унвон дар Тоҷикистон Фестивали байналмилалӣ доир мегардад
Дар Ҳисор ба истиқболи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон маҳфил-озмуни базми ғазал баргузор мегардад
ҲАДИСИ МУСАВВАР. Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Эҷод»-и АМИТ «Ховар» бахшида ба Рӯзи Ғалаба шанбегии дастҷамъона гузаронид
«ҲАФТ ПУШТИ ХУДРО ДОНИСТАН ШАРТ АСТ!». Мутолиаи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар Кӯлоб
Миёни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттифоқи эҷодии журналистони Узбекистон Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид
«ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ». Дар Осорхонаи миллӣ таҳти чунин унвон намоиши нигораҳо ифтитоҳ ёфт