БОКС. 4 муштзанбонуи тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон ширкат мекунанд
ДУШАНБЕ, 04.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6—21 май дар шаҳри Истанбули Туркия Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон баргузор мешавад, ки дар он 4 муштзанбонуи тоҷик иштирок мекунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Аз аввалин чемпионати ҷаҳон миёни бонувон 20 сол сипарӣ шуда, сол то сол шумораи иштирокчиён меафзояд. Дар мусобиқаи Истанбул иштироки 419 варзишгар аз 93 давлати дунё дар назар аст.
Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, ҷумҳурии моро дар ин мусобиқаи бонфуз 4 варзишгар — Сумайя Қосимова (-48кг), Руҳафзо Ҳақназарова (-50кг), Миҷгона Самадова (-57кг) ва Шоира Зулқайнарова (-63кг) намояндагӣ мекунанд. Онҳоро дар ин сафар сармураббӣ Мирзо Шамсиев роҳбарӣ менамояд.
Қабл аз чемпионат варзишгарон дар Ҷумҳурии Узбекистон ба ҷамъомади машқӣ-таълимӣ фаро гирифта шуданд.
Чемпионати ҷаҳон аз рӯи 11 вазн сурат мегирад ва фонди ҷоизавии он 2,4 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар ҳар вазн ғолибону ҷоизадорон ҳамон маблағеро мегиранд, ки мардҳо дар чемпионати ҷаҳон-2021 гирифта буданд:
Ҷои 1: 100000 доллари ИМА;
Ҷои 2: 50000 доллари ИМА;
Ҷои 3: 25000 доллари ИМА;
Ҷои 3: 25000 доллари ИМА.

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон Тоҷикистон як медал дорад. Соли 2012 дар Синхуандаои Чин варзишгари маъруфи кишвар Мавзуна Чориева медали биринҷӣ ба даст оварда буд.
Дар доираи чемпионат ҳамчунин Конгресси ғайринавбатии Ассотсиатсияи байналмилалии бокс баргузор мегардад, ки дар он президенти ассотсиатсия ва аъзои Шӯрои директорони ассотсиатсия интихоб мегарданд. Ба вазифаи президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс номзадии ду нафар – Умар Кремлев (Русия) ва Борис ван дер Ворст (Нидерланд) пешниҳод шудаанд.
АКС: КМО Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






