Бозиҳои Осиё-2022 ба таъхир афтода, Бозиҳои Осиёии наврасон-2021 барҳам хӯрданд
ДУШАНБЕ, 09.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои 19-уми Осиё — Ҳангжоу-2022 ба далели аз байн нарафтани вазъи пандемия дар Чин ба таъхир афтоданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Қарор буд, ки бозиҳо аз 10 то 25 сентябри имсол дар Ҳангжоуи Чин баргузор шаванд.
Қарор дар бораи мавқуф гузоштани бозиҳо пас аз муҳокимаҳои муфассал бо Кумитаи олимпии Чин ва Кумитаи тадорукоти Ҳангжоу-2022 (HAGOC) 6 май дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) қабул шуд.
Бозиҳои осиёии наврасон, ки қарор буд аз 20 то 28 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Шантоуи Чин баргузор шаванд, лағв гардид.
Дар айни замон дар Чин пандемияи COVID-19 аз байн нарафтааст, ки ин сабаби асосии ба таъхир гузоштани Бозиҳои 19-уми Осиё гардид.
Тибқи қарори OCA, ном ва нишони Ҳангжоу-2022 сарфи назар аз таъхир бетағйир боқӣ мемонад. Санаҳои нави чорабинӣ ҳанӯз бо OCA мувофиқа карда нашудаанд, Кумитаи олимпии Чин ва HAGOC дар ин бора ояндаи наздик қарор қабул хоҳанд кард.
Бозиҳои осиёии наврасон – Шантоу-2021 дар ибтидо аз 20 то 28 ноябри соли 2021 ба нақша гирифта шуда буданд, вале ба далели COVID-19 ба моҳи декабри соли ҷорӣ мавқуф гузошта шуданд. Пас аз муҳокима бо Кумитаи олимпии Чин ва Кумитаи тадорукот Кумитаи иҷроия OCA тасмим гирифт, ки азбаски Бозиҳои осиёии наврасон аллакай як маротиба ба таъхир гузошта шуда буданд, лағв карда шаванд.
Бозиҳои навбатии осиёии наврасон бояд соли 2025 дар Тошканди Узбекистон баргузор шаванд. Чорабинӣ аз соли 2013, вақте ки Нанҷинг мизбон буд, баргузор нашудааст.
АКС: КМО Тоҷикистон








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






