ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии аввал бар Қирғизистон ғолиб омад
ДУШАНБЕ, 16.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказиро, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, бо ғалаба оғоз кард, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар даври дуюми мусобиқа дастаи мунтахаби наврасони то 16- солаи Тоҷикистон ҳамсолони худ аз Қирғизистонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Голҳоро Масрур Ғафуров (аз пеналтӣ) ва Шерафган Саидов ба нишон расониданд. Дар бозии дигари даври дуюми Чемпионати CAFA-2022 дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Узбекистон дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Афғонистонро бо ҳисоби калони 6:0 мағлуб намуд.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври навбатӣ имрӯз, 16 май доир мешаванд. Дар ин рӯз дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-солаи Эрон бо Қирғизистон (18:00) ва Тоҷикистон бо Афғонистон (21:00) миёни ҳам рақобат мекунанд. Хотиррасон мешавем, ки чемпионат аз рӯйи системаи даврӣ дар як давр сурат мегирад.
Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои наврасон (U-16)
Даври 1
Узбекистон – Эрон – 2:2
Афғонистон – Қирғизистон – 1:1
Даври 2
Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН – 0:2
Узбекистон – Афғонистон – 6:0
Акс: ФФТ








Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид






