ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии аввал бар Қирғизистон ғолиб омад

Май 16, 2022 10:25

ДУШАНБЕ, 16.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи  Тоҷикистон оид ба футбол  таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов  Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказиро, ки дар  шаҳри Душанбе  ҷараён дорад, бо ғалаба оғоз кард, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар даври дуюми мусобиқа дастаи мунтахаби наврасони то 16- солаи  Тоҷикистон  ҳамсолони худ аз Қирғизистонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Голҳоро Масрур Ғафуров (аз пеналтӣ) ва Шерафган Саидов ба нишон расониданд. Дар бозии дигари даври дуюми Чемпионати CAFA-2022  дастаи мунтахаби  наврасони то 16-солаи  Узбекистон  дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи  Афғонистонро  бо ҳисоби калони  6:0 мағлуб  намуд.

Ёдовар мешавем, ки  бозиҳои даври навбатӣ  имрӯз,  16 май доир мешаванд. Дар ин рӯз  дастаҳои мунтахаби  наврасони то 16-солаи  Эрон бо Қирғизистон (18:00) ва Тоҷикистон бо Афғонистон (21:00) миёни ҳам рақобат мекунанд. Хотиррасон мешавем, ки чемпионат аз рӯйи системаи даврӣ дар як давр сурат мегирад.

Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои наврасон (U-16)

Даври 1
Узбекистон – Эрон – 2:2
Афғонистон – Қирғизистон – 1:1

Даври 2

Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН – 0:2
Узбекистон – Афғонистон – 6:0

 Акс: ФФТ

Май 16, 2022 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи «CAFA Nations Сup 2025» иштирок мекунад
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ оид ба волейбол байни духтарони то 16-сола баргузор мегардад
Конфедератсияи футболи Осиё тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзалро тасдиқ намуд
ФУТБОЛ. Пагоҳ дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занона дар гурӯҳи «H» оғоз мешавад
Рақибони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маълум шуданд