ДАР БОРАИ ОҒОЗИ АМАЛИЁТИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ. Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 18.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 майи соли 2022 аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади халалдор сохтани вазъияти сиёсӣ-ҷамъиятӣ шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулмаро дар қисмати роҳи ноҳияи Рӯшон, бевосита дар назди хати сарҳади давлатӣ, ғайриқонунӣ бастанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷинояткорон бо дастгирии ташкилоти байналмилалии террористӣ силоҳу лавозимоти ҷангиро берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ дастрас карда, барои анҷом додани амалҳои террористӣ ва дигар шаклҳои иғвоангезӣ зархаридони хориҷиро ҷалб намуданд.
Кирдори мазкур бадқасдона ба муқобили пояҳои сохти конститутсионӣ равона шуд. Гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба талаботи қонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи супоридани силоҳу лавозимоти ҳарбӣ итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд.
Дар амали гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дар ноҳияи Рӯшон, ки аз ҷониби созмонҳои байналхалқии террористӣ тарҳрезӣ ва маблағгузорӣ гардидааст, аломати ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ҷой дорад.
Аз ин лиҳоз, бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ ва барқарорсозии ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт тавассути шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кулма дар қисмати роҳи ноҳияи Рӯшон аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар амалиёти зиддитеррористӣ оғоз гардид.
АКС аз бойгонӣ








Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд






