Дар Кӯлоб ба эҳтиёҷмандон қитъаи замин ҷудо мегардад

Май 29, 2022 10:14

ДУШАНБЕ, 29.05.2022 /АМИТ «ХОВАР»/. Бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони 32 гектар заминҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб ба фонди замини наздиҳавлигӣ гузаронида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.

Дар марҳилаи аввал дар деҳаи Мирнишини ҷамоати деҳоти Даҳана ба 150 нафар эҳтиёҷмандон ба майдони 0,05 га замини наздиҳавлигӣ муайян гардидааст.

Бояд зикр намуд, ки заминҳои наздиҳавлигӣ дар асоси аризаҳои пешниҳодкардаи сокинон ба аҳолӣ тақсимбандӣ карда шуда, дар наздикатарин фурсат тақсимоти он дар деҳаи мазкур оғоз мегардад.

Дар баробари ҷудо гардидани қитъаҳои наздиҳавлигӣ инчунин бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии сокинон дар деҳаи Мирнишин корҳои ободониву созандагӣ ва азнавсозии роҳҳо бо маром идома доранд.

АКС: Бахши матбуоти МИҲД-и ш.Кӯлоб

Май 29, 2022 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд