Дар ноҳияи Ҳамадонӣ доир ба ҳимояи арзишҳои миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ мулоқот доир гардид

Май 7, 2022 12:11

ДУШАНБЕ, 07.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи  иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон 5 май дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки доираи васеи сокинон ва фаъолон дар мавзӯи «Ҳимояи арзишҳои миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ» вохӯрӣ баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода, муовини аввали Раиси ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Маҳдӣ Орифзода иштирок ва суханронӣ карданд.

Рудобаи Мукаррам оид ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва роҳҳои таҳкими он ибрози назар намуда, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба онҳоро рисолат ва вазифаи ҳар соҳибватан унвон кард.

Зикр шуд, ки имрӯз миллати тоҷикро бо забон, фарҳанг, тамаддуни воло, таърихи пурғановат, рамзҳои давлатӣ, таҷрибаи сулҳофарӣ, ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва дигар унсурҳои муҳим эътироф мекунанд, мешиносанд ва эҳтиром менамоянд.

Раиси Кумитаи иҷроия аз Ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлолии кишвар чун муқаддастарин арзиши миллӣ ёдовар шуда, гуфт, ки «эҳтирому эътирофи миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ аз доштани ҳудуди ҷуғрофии муайян, Истиқлоли сиёсӣ, Ваҳдати миллӣ ва сулҳу осоиши миллати тоҷик сарчашма гирифтаанд. Аз ин рӯ, ҳифзу таҳкими ин ду арзиши муҳим шарти пойдории давлатдории миллӣ ба шумор меравад».

Дар идома Лутфия Абдухолиқзода оид ба дастовардҳо ва пешравиҳое, ки дар замони соҳибистиқлолӣ миллати тоҷик ба онҳо ноил гардид, ибрози назар кард.


Ӯ тазаккур дод, ки тамоми муваффақият ва пешравиҳои кишвар ба қаҳрамонӣ ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот мегирад.

Таъкид гардид, ки шаклгирӣ ва эҳёи арзишу муқаддасоти миллӣ бо соҳибихтиёр гардидани давлат вусъат гирифта, роҳи миллат ба сӯйи худшиносиву худогоҳӣ ва эҳтиром ба муқаддасоту арзишҳои миллӣ ҳамвор шуд.

Муовини Вазири маориф ва илм зикр намуд, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар се озмуни ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ шуд, ки  аз ҷониби аҳолӣ, махсусан хонандагону омӯзгорон ва ҷавонону табақаи калонсоли кишвар дастгирии васеъ пайдо карданд. Раванди баргузорӣ ва ҷамъбасти натиҷаҳои озмунҳо далели он аст, ки мардуми тоҷик ба суннати ниёгони худ арҷ гузошта, дар муаррифии ҳунару истеъдод, маҳорату малакаҳои дониш аз илму фанҳои табиию риёзӣ ва китобхонию суханварӣ ҷаҳду талош менамояд.

Абдураҳим Холиқзода аз омилҳои манфие, ки ба арзишҳои фарҳангӣ, муқаддасоти миллӣ ва давлатдории кишвар таҳдид менамоянд, ёдовар шуда, даъват намуд, ки ба муқобили ин хатарҳо устуворона мубориза баранд.

Зикр шуд, ки воқеаву ҳодисаҳои замони муосир, равандҳои геоиқтисодиву геопалитикӣ, сиёсатбозиҳои абарқудратҳо, таҳмили ғояҳои ифротӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ аз таҳдидҳои ҷиддие ба ҳисоб мераванд, ки имрӯз ҳар кишвари мустақил аз онҳо хавф мебарад. Таъкид гардид, ки чунин шакл гирифтани авзои ҷаҳон моро водор мекунад, ки ба масъалаи дарёфти роҳҳои муассири мубориза бо таҳдиду хатарҳо саъйу талош намоем.

Дар фарҷоми вохӯрӣ намояндагони касбу кори гуногун, аҳли ҷамоат, имомхатибон, занон ва ҷавонони фаъоли ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ваъда доданд, ки барои таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳо ва татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба талош намуда, дар ободиву пешрафти диёри худ саҳм мегузоранд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Май 7, 2022 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ шуданд
Дар маркази ташхисию табобатии «Луқмони Ҳаким-2014» 40 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 39-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ дар Тошканд иштирок намуд
Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб синфхона-озмоишгоҳҳои муосир ба истифода дода шуданд
КАСБОМӮЗӢ — РОҲИ РАСИДАН БА ШУҒЛИ УСТУВОР. Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир беш аз 44 ҳазор нафарро ба омӯзиш фаро гирифт
Оид ба тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Нуробод масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷопон баррасӣ гардиданд
Дар Минск ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ баргузор гардид
ҲУНАР ОМӮЗ! Дар Тоҷикистон беш аз 77 ҳазор наврасон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҷалб гардидаанд
Дар Литсейи касбии техникии саноати насcоҷии Душанбе Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ба истифода дода шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2026». Даври ҷумҳуриявии озмун ҷамъбаст гардид
Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова: «Тоҷикистон як гавҳари ниҳон аст»