Дар ноҳияи Ашт иштирокчиёни ҷангро аёдат намуданд
ДУШАНБЕ, 02.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади аёдат намудани ду нафар иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки ҳоло дар ноҳияи Ашт давраи пирӣ меронанд, намояндагони Консулгарии генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Андрей Вараламов ва Масан Роман ба ноҳияи Ашт омаданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, меҳмононро Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ва роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт роҳбаладӣ намуданд.
Меҳмонон иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Қучқор Ҳоҷиматов (15.06.1926, деҳаи Саро) ва Абдуқодир Холматов (02.05.1925, деҳаи Бободархон)-ро хабар гирифта, аз заҳматҳою қаҳрамонии онҳо ёдовар шуданд.
Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода иброз намуд, ки заҳматҳои пайвастаи иштирокчиёни ҶДҶ ва хизматҳои шоёни онҳоро дар ҷодаи ба даст овардани ғалаба давлату ҳукумат ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозад. Дар фарҷоми мулоқот Қӯчқор Ҳоҷиматов ва Абдуқодир Холматов бо шукргузорӣ аз оромиву ободии меҳан, сиёсати одилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст ба дуо бардоштанд.
Баъдан намояндагони Консули генералӣ Андрей Вараламов ва Масан Роман ба МТМУ рақами 2-и Ҷамоати шаҳраки Шайдон ва Мактаби хусусии «Нури Раҳмон»-и Ҷамоати деҳоти Ашт рафта, бо хонандагону омӯзгорон суҳбати хосса анҷом доданд.
АКС: МИҲД н.Ашт








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






