Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сафи ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон меафзояд

Май 24, 2022 09:43

ДУШАНБЕ, 24.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе моҳи майи имсол чор ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуданд. Дар ин бора  мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Муслим Усмонзода ба АМИТ “Ховар” хабар дод.

11 май  дар ҶДММ “Тоҷиквнештранс” ва ҶДММ “Нашриёти муосир” маҷлиси муассисон баргузор гардида, ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо номи “Роҳи умед” ва “Нашриёти муосир” таъсис дода шуданд. 23 май дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ғизо” ва Гимназияи хусусии “Ҳамадон” маҷлиси муассисон баргузор гардида, ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ғизои солим” ва “Ҳамадон” таъсис дода шуданд.

Зимни баргузории маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ иштирок намуда, вобаста ба мақсаду маром ва ҷойгоҳи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ҷомеаи навини кишвар ибрози андеша намуданд. Ташкилоти ибтидоӣ асоси ҳизб маҳсуб ёфта, барномаҳои ҳизбӣ тавассути онҳо татбиқ карда мешаванд.

Таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар корхонаю муассисаҳо, новобаста ба шакли моликияташон далели боз ҳам мустаҳкам гардидани обрӯ ва мавқеи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ниҳоди бонуфузи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амалишавии ормонҳои мардум нақши калидӣ дошта, бо татбиқи барномаҳои фарогираш обрӯ ва нуфузаш рӯз аз рӯз зиёд гардида, дар сафҳои он зиёда аз ним миллион нафар аъзо муттаҳид гардидаанд.

Рисолати аслии ин ниҳоди сиёсӣ аз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, саҳм гузоштан дар рушду пешрафти ватани азизамон тавассути аъзою ҷонибдорон ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ иборат мебошад.

 АКС: КИ ҲХДТ дар н. Фирдавсӣ

Май 24, 2022 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад