Дар Норак ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳр доир гардид

Май 20, 2022 11:00

НОРАК, 20.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. 19 май дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мегардад, ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳр баргузор шуд, иттилоъ доданд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба АМИТ «Ховар».

Дар кори шӯро ду масъала мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳозирин аз рӯи масъалаҳои пешниҳодгардида фикру мулоҳизаҳои хешро иброз доштанд.

Муовини Раиси шаҳр Шаҳло Ҳасанзода бобати тақвият бахшидани фаъолият дар бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон сухан гуфт. Мавсуф зикр намуд, ки «ҷавонон ҳамчун захира ва қувваи асосии меҳнатӣ ва сармояи афзалиятноки инсонӣ дар рушди мамлакат ва баланд бардоштани иқтисодиёти он нақши назаррас доранд. Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталиф мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст. Зеро ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав буда, неруи муҳими пешбарандаи ҷомеа маҳсуб мешавад».

Зимни ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Норак иштирокчиён — ҷавонон аз дастгириҳои пайвастаи давлату ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори миннатдорӣ намуда, қавл доданд, ки дар оянда ба халқу Ватан содиқона хизмат менамоянд.

Дар ҷараёни ҷаласа муовини Раиси шаҳр, аъзои шӯро, гирандагони стипендияҳои президентӣ, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва роҳбарони сохторҳову муассисаҳо ширкат варзиданд.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 23 майи соли 1997 ҳамасола дар Тоҷикистон Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад. 23 майи соли 1997 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, Фармон «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расониданд ва маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ сабаб шуд, ки 23 май Рӯзи ҷавонон эълон гардад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Май 20, 2022 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид