ДАР ТОҶИКИСТОН ЯГОН ҲОЛАТИ СУРХАКОНИ МАЙМУН БА ҚАЙД ГИРИФТА НАШУДААСТ. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ иттилоъ доданд
ДУШАНБЕ, 26.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. То имрӯз дар кишвар ягон ҳодисаи сироят аз сурхакони маймун ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати бехатарии санитарию эпидемиологии ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров иттилоъ дод.
«Дар айни замон мо дар асоси тавсияҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҷиҳати пешгирии воридшавии ин сироят ба кишварамон тадбирҳои зарурӣ андешида истодаем. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аллакай корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ оид ба ин беморӣ шурӯъ кардааст», — таъкид кард ӯ.
Ҳамзамон тавре Наврӯз Ҷаъфаров зикр кард, дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ҷиҳати муайян намудани (пешгирӣ аз воридшавӣ) бемориҳои махсусан хатарнок тадбирҳои пешгирикунанда гузаронида мешаванд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Роспотребнадзор хабар медиҳад, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамроҳ бо ҳамтоёни худ аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон ба системаҳои тестии Русия барои ошкор кардани сурхакони маймун таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. Дар ин бора дирӯз, 25 май, дар доираи ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти ваколатдор дар соҳаи беҳдошти санитарию эпидемиологии аҳолии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Тоҷикистон ва Узбекистон хабар дода шуд.
«Иштироккунандагон чораҳои зиддиэпидемиявии ҷоришавандаро, ки ба пешгирии воридот ва паҳншавии сурхакони маймун дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон нигаронида шудаанд, баррасӣ намуданд. Зикр карда шуд, ки тамоми кишварҳо чораҳои назорати санитарию карантиниро дар сарҳад пурзӯр кардаанд”, — омадааст дар изҳороти вазорат.
Дар натиҷа ҷонибҳо барои ҳифзи ҳаёт ва саломатии аҳолӣ ва қаламрави ин кишварҳо иқдомоти муштараки минбаъдаро муайян карданд. Махсусан бо дархости шарикон Роспотребнадзор барои мутахассисони варзидаи кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, Тоҷикистон ва Узбекистон доир ба пешгирӣ ва мубориза бо паҳншавии сурхакони маймун машваратҳои омӯзишӣ баргузор мекунад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, аз 7 май то имрӯз дар 19 кишвари ҷаҳон 131 ҳолати тасдиқшудаи сирояти одамон аз сурхакони маймун ва 106 ҳолати эҳтимолии сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд. Сироятёфтагон бештар дар Португалия, Испания, Британияи Кабир мебошанд (аз 21 то 30 ҳолат). Ин беморӣ дар сокинони Австралия, Белгия, Олмон, Италия, Канада, ИМА, Фаронса, Швейтсария ва Шветсия низ тасдиқ шудааст.
Сурхакони маймун (monkeypoxes — MPXV) бемории сироятии камёфт аст, ки бо табларза, беҳолатии умумӣ ва экзантема (сурхшавӣ) тавсиф мешавад. Давраи инкубатсионии он аз 5 то 21 рӯз аст. Нишонаҳои он дар одамон табларзаи баланд, дарди бадан, заифӣ, доначаҳо, қайкунӣ, варами гиреҳҳои лимфа ва чарх задани сар мебошанд. Давомнокии беморӣ 2-3 ҳафта ва барқароршавӣ худ ба худ мебошад.
Сарчашмаи асосии сурхакони маймунро коршиносон ҳайвоноти ваҳшӣ меноманд: гурӯҳи ширхӯрҳо ва хояндаҳо (санҷоб). Сироят инчунин метавонад тавассути хуни шахси бемор ё моеъҳои бадани он, инчунин ҳангоми истеъмоли гӯшти ҳайвони бемор ба амал ояд.
Ҳоло сурхакони маймун дар кишварҳои Африқои Ғарбӣ (Ҷумҳурии Демократии Конго, Ҷумҳурии Конго, Камерун, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Нигерия, Кот-д’Ивуар, Либерия, Серра-Леоне, Габон ва Судони Ҷанубӣ) маъмул аст. Теъдоди мубталоён дар Африқо босуръат меафзояд, аз соли 2016, ба гуфтаи манбаъҳои расмӣ, беморӣ 20 маротиба афзоиш ёфтааст. Бузургтарин хуруҷи беморӣ дар Нигерия ва Конго ба қайд гирифта шудааст.
20 майи соли 2022 Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар дод, ки аз аввали сол дар Конго 1,2 ҳазор ҳолати бемории маймун ба қайд гирифта шудааст. Тибқи маълумоти пешакии ТУТ, дар ҷаҳон берун аз қитъаи Африқо дар 14 кишвари ҷаҳон (Испания, Португалия, Британияи Кабир, Белгия, Канада, Олмон, Италия, Австралия, Нидерландия, ИМА, Исроил, Фаронса, Швейтсария, Шветсия) ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст.
Сардори Раёсати бехатарии санитарию эпидемиологии ҳолатҳои фавқулода ва кӯмаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров барои шахсоне бинобар оғози таътили тобистона ва мавсими таътил ба кишварҳои хориҷӣ сафар мекунанд, тавсияҳои зеринро пешниҳод намуд:
1) то ҳадди имкон аз сафар кардан (хусусан бо кӯдакон) ба кишварҳое, ки ин сироят паҳн шудааст, худдорӣ намоянд;
2) ҳангоми сафар ба мамлакатҳои хориҷӣ алоқаро бо ҳайвоноти ваҳшӣ (ширхӯрҳо, хояндаҳо) манъ намоянд, дар ҷойҳои савдои кӯчагӣ аз хӯрокхӯрӣ худдорӣ кунанд, танҳо гӯшти (маҳсулоти термикии) боэҳтиёт коркардшуда истеъмол намоянд;
3) ҳангоми рафтан ба ҷойҳои серодам аз чораҳои профилактикии инфиродӣ (масофа гузоштан, никобҳо, антисептикҳо) истифода баранд, гигиенаи дастонро риоя кунанд;
4) агар давоми се ҳафта ҳангоми аз саёҳат баргаштан худро бад ҳис карда, ҳарорат пайдо шавад, табларза (сурх, ҳубобча ва ғайра) пайдо шавад, фавран ба муассисаи тиббии наздиктарин муроҷиат кунанд ва дар бораи дар хориҷа буданашон ҳатман хабар диҳанд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»